Ҷаласаи нахустини кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ

( 0 Овоз )

27 май дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи нахустини кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ баргузор шуд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Раиси вилояти Суғд, Раиси кумитаи тадорукот Раҷаббой Аҳмадзода оғоз ёфт. Таъкид карда шуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, № 195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо муайян гардидааст.

Ба ҳайати кумитаи тадорукот муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, нақлиёт ва коммуникатсия, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, сардорони раёсатҳои фарҳанг, маориф, сарраёсати молия, раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси созмони вилоятии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, раиси созмони вилоятии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент ва роҳбарони дигар ниҳодҳои марбута шомил мебошанд.

Дар идомаи ҷаласа муовинони Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва Анвар Яъқубӣ доир ба корҳои оғозгардида ҷиҳати таҷлили шоистаи 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент гузориш доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ соли 2020 ҷашн гирифта мешавад. Масъулинро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни мазкур ва ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтани маданияти беш аз 5500 – солаи халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.  Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудаанд, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошанд: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II — солҳои 3200-2900 то асри мо; давраи III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.

Асоси иқтисоди сокинони Саразмро   ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Аз охири ҳазораи IV сар карда, то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин  захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ  дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст. Бо густариши робитаҳо дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ  мондаанд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва  муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд САРАЗМИ БОСТОНӢ Ҷаласаи нахустини кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ