САРАЗМ - АЗ АВВАЛИН ШАҲРҲОИ АВРУОСИЁ

( 0 Овоз )

Пас аз ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ» кормандони Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент - Саразм амалигардонии як силсила нақшаҳоро тарҳрезӣ намуданд. Аз ҷумла, дар самти тадқиқотҳои илмӣ - бостоншиносӣ як зумра корҳо ба субут расонида шуд.

Мухбирамон ба директори Пойгоҳи бостоншиносӣ Норинисо Худоёрова муроҷиат намуд, то дар бораи хулосаҳои олимон бобати ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон маълумот диҳад.

Тавре аз маълумотҳои олимон бармеояд, ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Саразм ҳанӯз 5500 сол қабл дар марзи Авруосиё арзи вуҷуд намудааст. Дар таърихи башарият бисёр тамаддунҳое пайдоиш ва рушд ёфта, дар пешрафт ва рушдёбии ин ё он минтақаҳои олам дар давоми ҳазорсолаҳо саҳмгузорӣ намудаанд, ки ёдгории Саразм намунаи барҷастае аз онҳост.

Кашфи тамаддун

Дар илми бостоншиносӣ, ховаршиносӣ ва таърихнигорӣ таи солҳои тӯлонӣ бахши яке аз марҳалаҳои хело қадимаи таърихи башарият - бахши пайдоиш, густаришёбӣ ва паҳн гардидани маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ мавриди баҳсу хулосабарориҳои илмӣ қарор мегирифтанд. Таи садсола дар ҳудудҳои Эрону Балуҷистон, соҳилҳои баҳри Ҳинд, Афғонистон, Мисру Месопотамия (Байнаннаҳрайн) ва Осиёи Марказӣ паҷӯҳишҳои зиёду бардавоми бостоншиносӣ гузаронида шуда буданд. То миёнаи солҳои 70 - уми қарни бист чунин ҳисобида мешуд, ки дар паҳноиҳои Уралу Қазоқистон, Сибири ҷанубӣ то Мовароуннаҳр (дар назар дошта шудааст имрӯза марзи мамолики Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон) дар ҳазорсолаҳои IV - III - и то мелод бошишгоҳҳои мавсимии аҳди неолитӣ (аҳди нави сангӣ) ва дар ҳазорсолаи II - и то мелод бошад, бошишгоҳҳои ақвоми кӯчӣ қарор доштанд.

 Ёдгориҳои аҳди қадимаи кишоварзии муқимӣ аз оғози аҳди неолит (мису санг) сар карда, то аҳди биринҷӣ мансуби ҳазорсолаҳои VI - IV то мелод танҳо дар ҳудудҳои Байнаннаҳрайн, Туркманистони ҷанубӣ, Афғонистон, Эрон, Балуҷистон (Покистони имрӯза) ва Ҳиндустон маълум буданду халос. Ҳамин тариқ, таи солҳои тӯлонӣ дар зерсохторҳои ЮНЕСКО оиди навиштан ва баррасӣ намудани таъриху тамаддуни ин ё он миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳамин далелҳои бостоншиносиву таърихӣ такя менамуданд.

Хушбахтона, кашфи шаҳраки Саразм, як табартешаи биринҷӣ, ки сокини маҳал Ашӯралӣ Тайлонов дарёфт карда буд, сабаб гашт, ки тадқиқотҳои нав шуруъ гарданд. Бостоншиноси варзидаи тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов тирамоҳи соли 1976 аз бозёфти нодир огоҳ гашта, ба паҳноҳои дашти Саразм меояд. Паҷӯҳиш аз соли 1977 оғоз меёбад. Натиҷаи тадқиқотҳои комплексии илмӣ - бостоншиносии ёдгории Саразм дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони Маркази тадқиқоти илмии Фаронса, ки аз соли 1984 то имрӯз идома дорад, дар ҳақиқат собит сохтанд, ки ёдгории аҳди қадимаи кишоварзии Саразм таърихи беш аз 5500 - сола дошта, чун ёдгории навъи шаҳрии аҳди қадимаи кишоварзӣ дар Шимолу Шарқии Осиёи Марказӣ арзи вуҷуд намудааст.

Дар асоси дархосту талабҳои Маркази Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО лозим меояд, ки соҳибдавлатҳои соҳиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар асоси далелу аснодҳои илмӣ асоснокгардида ва арзиши ҷаҳонидоштаи таърихиву фарҳангии ёдгориҳои кишвари хешро муаррифӣ карда тавонад. Дар он сурат ин ё он ёдгорӣ ба ин феҳрасти бонуфузи фарҳангии умумиҷаҳонӣ шомил хоҳад гардид.

Кашф ва тадқиқотҳои илмӣ - бостоншиносии шаҳраки Саразм давоми солҳои тӯлонӣ собит сохтанд, ки маданияти аҳди қадимаи кишоварзӣ аз соҳилҳои баҳри Ҳинд то Эрону Покистон, Афғонистон густариш ёфта, то марзи Шимолу Шарқии Осиёи Марказӣ дар мисоли ёдгории Саразм омада расидааст. Саразми бостон дар ҳамин марҳала, ки бо ёдгориҳои ҳамдаври хеш дар Байнаннаҳрайну Эрон, Балуҷистону Афғонистон, Туркманистони Ҷанубӣ (давраи маданияти Намозгоҳ II - IV), маданияти ёдгориҳои Эрон (Теппаи Ҳисор, Теппаи Яҳё, Шуш, Меҳргар, Шаҳри Сӯхта), Афғонистон (Мундиғоқ, Талукан) инчунин ёдгориҳои тамаддуни Ҳиндустон (Ҳараппа, Меҳанҷодоро, Ҷанхудоро ва Кули) ҳамчунин, ёдгориҳои самти шимолии маданияти Калтаманори соҳилҳои Баҳри Арал, маданияти Афанасеваи соҳилҳои ҷанубии Сибир ва Қазоқистон ҳамдавру ҳамзамон буда, бо сокинони Саразм алоқаҳои тиҷоративу фарҳангӣ доштанд.

 Масири роҳҳои «Лоҷувард» ва «Қалъагӣ»

Боигарии сарватҳои табиии болооби Зарафшон, ки шаҳраки Саразм дар ин мавзеъ ҳанӯз 5500 сол пеш қарор дошт, бо азхуд намудан ва ба содирот баровардани мис, қӯрғошим, сурб, қалъагӣ, тилло, нуқра, сангҳои гаронбаҳо дар замони хеш то ҳудуди якуним ҳазор километр бо қабилаҳои ҳамҷавор шӯҳратёр гардида буд.

Дар натиҷа, ҳанӯз охири ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод шаҳраки Саразм ба яке аз марказҳои муҳимтарини омезишёбӣ ба рушду такомулёбии ақвоми авруосиёӣ табдил меёбад. Дар таърихи башарият то пайдоиши Роҳи бузурги Абрешим ҳанӯз 5500 - 5000 сол қабл роҳҳое бо номи роҳи «Лоҷувард» ва дар ҳазорсолаи III - и қабл аз мелод роҳи бузурги «Қалъагӣ» маълум будааст. Маҳз, ҳамин ду роҳ қавму қабилаҳои аҳди қадимаи кишоварзон ва саҳронишинони аҳди мису санг (энеолит) ва ибтидои аҳди биринҷиро бо ҳам мепайвастанд, ки марказҳои асосии ин ду роҳ аз шаҳраки Саразм мегузаштааст. Ва маҳз бо шароити табиии мусоид захираҳои бойи маъданҳои полиметаллӣ дар намунаи қалъагӣ, тиллову нуқра, қӯрғошим, мис, сангҳои ороишӣ бевосита дар Саразм коркард ва ба қабилаҳои ҳамҷавор содирот карда мешуданд.

Ҷолиби қайд аст, ки аз Саразм миқдори зиёди бозёфтҳои моддии воридотӣ, ба мисоли лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қароқум, фирӯзаи Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Балуҷистону Сиистон, Афғонистон ва садафҳои баҳрии соҳилҳои баҳри Ҳинд, ки бо савдову тиҷорат ворид гаштаанд, ёфт шудаанд. Саразмиёни бостон дар Шимолу Шарқии Осиёи Марказӣ яке аз истеҳсолкунандагони асбобу лавозимоти маъданӣ буданд. Дар натиҷа маъдану зари Зарафшон дар миёни қабилаҳои дашти Қароқуму Сиистону Балуҷистон аз Саразм ворид мегаштанд.

Ҳамқарни шаҳрҳои бостонӣ

Муаррихони зиёди ватаниву хориҷӣ, ба мисоли Г.Чайлд, В.В. Бартолд, В.И. Гуляев, В.М. Массон, В.Сарианиди, А. Аскаров, Т. Ширинов, Л.Б. Кирчо, А. Исҳоқов ва дигарон дар баҳси муаммои урбанизаӣия (пайдоиши аввалин шаҳрҳо) изҳори ақида намудаанд, ки зуҳуроти маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ дар Шарқи Миёна пасу пеш бо хусусиятҳои ба худ хос омадааст. Нахуст шаҳрҳо ё худ деҳшаҳрҳо ҳанӯз дар охири ҳазорсолаи IV ва нимаи дувуми ҳазорсолаи III дар Шумер, Акада ва Мисру Ҳиндустон, дар охири ҳазорсолаи III ва ибтидои ҳазорсолаи II дар Чин, ҳазорсолаи II дар Аврупои Шарқӣ ва дар ҳазорсолаи I - и қабл аз мелод дар Мезоамерика пайдо гардиданд.

Дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна бошад, аввалин деҳшаҳрҳо дар ҳазорсолаи III - и пеш аз мелод дар мисоли ёдгориҳои Намозгоҳтеппаву Олтинтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундиғоки Афғонистон, Шаҳри Сӯхта, Шуш, Теппаи Ҳисори Эрон, Меҳанчодорову Ҳараппаи Ҳиндустон, Меҳргару Пираки Балуҷистон (Покистони имрӯза), Аркаими ҷанубии Сибир ба вуҷуд омаданд. Шаҳраки Саразм бо як қатор ёдгориҳои зикргардида ҳамзамон буда, бо аксари онҳо алоқаҳои хуб ташкилкардашудаи тиҷоративу фарҳангӣ доштааст. Ва маҳз бузургии мавқею мақоми шаҳраки Саразм дар байни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна дар ҳамин мебошад.

Дар ёдгории Саразм якчанд аломатҳои пайдоиш ва рушдёбии аввалин шаҳрҳоро мушоҳида менамоем: масоҳати бузурги ёдгорӣ (тақрибан 90 - 100 га), биноҳои истиқоматӣ, мазҳабӣ ва маъмурии сохти боҳашамат дошта, кӯчаҳои сангфаршгардида, растаҳои ҳунармандӣ, зуҳуроти инкишофи баланди савдову тиҷорат то ҳудуди 1000- 1500 км. бо қабилаҳои ҳамҷавор, ба соҳаҳои алоҳида тақсимшавии меҳнат, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводории хонагӣ ва доманакӯҳӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ ва дигар рукнҳои хоси маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ба замони хеш хос будааст.

Ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳои ҳамҷавор дар шаҳраки Саразм пеш аз ҳама нишонаҳои зерин мусоидат намудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, ҷудошавии ҳунармандӣ аз кишоварзӣ дар шакли мутамарказонидашуда, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва воситаҳои истеҳсолот (зиёдшавии намудҳо ва шаклҳои олоти мисию биринҷӣ), пешрафти чорводории хонагӣ ва паст гардидани нақши шикор дар ҳаёти ҷомеа, ҷамъоварии маҳсулоти иловагӣ, кӯшишҳо барои ғун кардани боигарӣ (зебу зиннат ва ҷавоҳирот аз сангу маъданҳои қиматбаҳо), маҳсулоти ороишиву хоҷагии воридотӣ аз ёдгориҳои ҳамҷавори Шарқи Миёна, мутамарказгардонии соҳаҳои ҳунармандӣ, ки баъдан ба пайдоиши аввалин давлатҳо замина гузоштанд.

Сарчашмаи нумӯъ ва шинохт

Мувофиқи маълумоти олимон, мардуми шаҳраки Саразм баъди нимаи дуюми ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод бо сабаби хушксолии маҳал ба самтҳои хушбоду ҳавои Осиёи Марказӣ кӯч бастаанд. Ва беҳуда нест, ки баъди паҳну парешон гардидани маданияти аҳди қадимаи кишоварзони Саразм дар ҳудудҳои Марғиёни Туркманистони Ҷанубӣ (ёдгории Гонуртеппа), дар имрӯза ҷанубии Ӯзбекистон вилояти Сурхандарё (ёдгориҳои Сафолтеппа, Ҷарқӯтан ва бозёфтҳои ҷузъии атрофи Самарқанд), Афғонистон (ёдгории Дашлӣ) ва Тоҷикистон (ёдгориҳои аҳди биринҷии Кангурту Фархор) пайдо гардидаанд, ки шояд нумӯъи он аз Саразми бостон сарчашма гиранд, - мегӯяд Н.Худоёрова.

Ниҳояти кор соли 2010 - ум дар Иҷлосияи 34 - уми Маркази мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО, ки дар давлати Бразилия баргузор гардид, ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ба ин феҳрасти бонуфузи ҷаҳонӣ шомил гардид.

Ҳамин тариқ, бо шарофати Саразм ҷъумҳурии азизамон - Тоҷикистон низ бори дигар дар қатори мамлакатҳои соҳибтамаддуни олам шинохта шуд. Беҳуда нест, ки кадом сайёҳе, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо меояд, ҳатман аз ёдгории Саразм дидан менамояд. Имрӯз Саразми бостонӣ ба яке аз Пойгоҳи муҳими сайёҳони ватаниву хориҷӣ табдил ёфтааст.

Нигоранда Рафоат МУЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд САРАЗМИ БОСТОНӢ САРАЗМ - АЗ АВВАЛИН ШАҲРҲОИ АВРУОСИЁ