Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 27.01.2022 14:07
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 27.01.2022 14:00
Сокинони Исфара Иди Садаро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд - 27.01.2022 08:41
Густариши корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Спитамен - 27.01.2022 08:39
Дар Панҷакент Иди Садаро ҷашн гирифтанд - 27.01.2022 08:37
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 17:35
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25

Раҷаббой Аҳмадзода

( 140 Овоз )

Раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд кор кардааст.

Солҳои 2005- 2007 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ва солҳои 2007-2009 директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд буд.

Мавсуф солҳои 2009-2011 дар вазифаи раиси шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон) фаъолият бурда, солҳои 2011-2012 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд буд. Аз соли 2012 то соли 2016 дар вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз соли 2016 то соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин гардида, аз 7 марти соли 2018 инҷониб дар вазифаи Раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои хизматҳои шоиста бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ордени “Шараф” дараҷаи 1, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва як қатор мукофотҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Раҷаббой Аҳмадзода