Хабарҳо
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд - 15.10.2021 09:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот намуданд - 15.10.2021 09:25

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хушбахтӣ, сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва бахту саодати оилавӣ таманно менамоям.

Оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Мустаҳкаму пойдории оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият гардида, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаву маросимро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ҷойгир намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, инчунин дар самти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҷиҳати баланд бардоштани вазъи некӯаҳволии оилаҳо фаъолияти худро равона кардааст.

Боиси ифтихор аст, ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ, таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ҳунармандон низ як қатор имтиёзҳо дода шуд, ки ин тадбир барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии оилаҳои ҳунармандон ва рушди ҳамаҷонибаи ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Дар шароити кунунии доман паҳн намудани бемории коронавирус, ки аксари кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем ва бо кӯмаку дастгирии ҳамдигар ин мушкилотро паси сар намуда, ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат кашем.

Боварӣ дорам, ки дар соли барои халқу миллат таърихии омодагиҳо ба санаи муҳими 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тадбирҳои муҳим дар таъмини пойдории оилаҳои солиму қавӣ мусоидат карда, заминаҳои заруриро барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу донишвар, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз, афроди ватандӯсту соҳибназар ва хидматгузор баҳри фардои боз ҳам шукуфону дурахшони кишвар фароҳам хоҳад намуд.

Бори дигар, фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон рӯзгори орому осоишта, ҳаёти пурфайзу шукӯҳ, некномиву нексириштӣ ва болидахотириву сарбаландӣ таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила