Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 27.01.2022 14:07
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии якчанд мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 27.01.2022 14:00
Сокинони Исфара Иди Садаро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд - 27.01.2022 08:41
Густариши корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Спитамен - 27.01.2022 08:39
Дар Панҷакент Иди Садаро ҷашн гирифтанд - 27.01.2022 08:37
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 17:35
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25

Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Дар боғи фарҳангии шаҳри Конибодом бо иштироки роҳбарони коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, фаъолон ва собиқадорони меҳнат бахшида ба ҷашни Сада чорабинии идона баргузор гардид.

Иштирокчиёни чорабинӣ нахуст аз намоиши техникаҳои муосири кишоварзӣ, ниҳолу буттаҳои гуногун, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили адрасбофиву зардӯзӣ, наққошиву рассомӣ боздид намуданд.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода сокинонро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада табрик гуфт. Зикр гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон  буда, таърихи хеле қадима дорад ва чун ёдгори ниёгон баъди истилои араб низ ботантана таҷлил мегардид. Ин ҷашни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ бештар бо оғози корҳои кишоварзӣ, хоса боғдориву ғаллакорӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар ин мавсим тараддуду ташвиши деҳқонон шуруъ шуда, аз тайёриву омодагии онҳо бурду бохти минбаъдаи сол вобаста аст.

Дар робита ба ин нукта тазаккур дода шуд, ки аслан фалсафаи ҷашни Сада тавлиду офариниш, нуру рӯшноӣ  ва  бунёдкориву созандагӣ буда, ба истилоҳи дигар  анҷоми фасли сармо ва оғози гармии ҳавост.  Аз ин лиҳоз, ки ниёгонамон ойини зардуштиро парасторӣ дошта, танҳо оташро асосу мояи пайдоиш ва ҳаёт  медонистанд, Садаро ҳамчун рӯзи тавлиди оташу тулӯи нур  хеле гиромӣ медоштанд.

Дар ҷараёни чорабинии идона инчунин озмуни шаҳрии дастархонороӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Сипас, барои иштирокдорони чорабинии идона аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Конибодом