Хабарҳо
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41

Навиди Раиси вилоят

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан

( 2 Овоз )

27.10.2012, шаҳри Истаравшан     
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!


Имрӯз мо дар ин диёри зебоманзари бостонӣ бо ин мақсад ҷамъ омадаем, ки рӯйдоди бузурги таърихӣ – ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» ва ба анҷом расидани таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон – Чанак ва ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшанро якҷоя таҷлил намоем.

Ба ин муносибат мардуми сарбаланди кишварамон, аз ҷумла мардуми фарҳангпарвару меҳнатдӯсти вилояти Суғд ва сокинони ҳимматбаланди шаҳри Истаравшанро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳату рӯзгори пурфайз ва хонадони осудаву иқболи баланд орзумандам.

Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати иди Қурбон

( 3 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромиқадр!

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мисли тамоми олами исломӣ иди Қурбон чун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад. Барои халқи мо дар қатори иду ҷашнҳои умумимиллӣ, ки таҷлил мегарданд, иди Қурбон мавқеъ ва мақоми хоса дорад.Ин маросими аҷдодӣ беш аз ҳазор сол аст, ки чун як ҷузъи анъанаи миллии мардуми мо ва яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом моҳияти таърихи халқамонро баён менамояд. Ин ҷашн аз қадимулайём орзуи фаровонии ризқу рӯзии одам, садақаву хайротро ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ростиву росткорӣ, сабру таҳаммулпазирию шуҷоъату матонатро дар роҳи ҳақ, фидокор буданро дар таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ифода мекард ва ин ҳама дар шароити Истиқлолияти давлатӣ аҳамият ва мазмуни хоса пайдо намуданд.

Боздиди Раиси вилоят аз ҷараёни сохтмон ва тармими Қасри фарҳанги Арбоб

( 3 Овоз )

22 октябри соли 2012

Видео :: Боздиди Раиси вилоят аз ҷараёни сохтмон ва тармими Қасри фарҳанги Арбоб.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода  аз  Муассисаи давлатии   Қасри фарҳанги Арбоб  ва сохтмони чойхонаи миллӣ , ки  ба муносибати 20-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, боздид намуд.

Парчамбардорӣ ба ифтихори пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ дар бистрӯзаи дуввум

( 4 Овоз )

22-октябри соли 2012

Видео :: Парчамбардорӣ ба ифтихори пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ дар бистрӯзаи дуввум.

Имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати ҷамъбасти меҳнати заркорони вилоят дар бист рӯзи охир ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Баъди сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят қироат карда шуд.

Нигаронӣ аз вазъи бозорҳои вилоят

( 1 Овоз )

16 октябри соли 2012

Дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, сарварони бозорҳои вилоят маҷлиси машваратӣ доир гардид. Онро Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки вазъи кунунии бозорҳои вилоят нигаронкунанда аст.

Конфронси IV Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд

( 2 Овоз )

16 октябри соли 2012
Видео :: Конфронси IV Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Дар толори коллеҷи санъати  ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд Конфронси IV Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори конфронс, ки  таҳти раёсати раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода сурат гирифт, 185 нафар вакил иштирок намуданд. Пас аз интихоби ҳайати раёсати конфронс ва котибот, бо танини суруди миллӣ кори он оғоз ёфт.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят