Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Навиди Раиси вилоят

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки авруосиёии рушд

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки Авруосиёии рушд

Видео :: Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки авруосиёии рушд
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Канат Досмухамедовро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин мулоқот сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи кунунӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса вилояти Суғд, ки  аз ҷониби Бонки авруосиёии рушд маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят ба ҷараёни ҳамкориҳои тарафайн баҳои мусбат дода, онро самарабахш арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки ба фаъолият шурӯъ намудани яке аз корхонаи бузурги саноатии вилоят Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Олимтекстайл» маҳз бо дастгирии молиявии бонки Авруосиёи рушд амалӣ гардидааст.

Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан кард

( 0 Овоз )

Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан кардВидео :: Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан кард

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар  вазъи мелоративии заминҳои кишоварзӣ ва омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳияро ба мавсими нави обёрӣ аз назар гузаронд.

Ноҳияи Зафаробод аз минтақаи асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, фаъолияти мӯътадили пойгоҳҳои обкашӣ барои кишоварзони ноҳия чун обу ҳаво зарур аст. Тайи чанд соли охир вазъи мелоративии заминҳои ин мавзеъ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар асоси Барномаи давлатӣ таъмиру тармими хатҳои обрасонии минтақа бо маром идома дорад. То ин дам аз ҳисоби марказҳои хизматрасонӣ ва Вазорати мелоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз 2.100  метр қубурҳои обгузар 1780 метраш иваз карда шуданд.

Маҳалдорӣ масъулият металабад

( 0 Овоз )

Маҳалдорӣ масъулият металабад

Видео ::Маҳалдорӣ масъулият металабад

Дар қасри фарҳангии «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров мулоқоти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ашхоси мӯътабари шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, намояндагони Шӯрои худидоракунии маҳаллаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сардорони минтақаҳои истифодаи манзил, сарварони кумитаи биноҳои бисёрошёна ва нозирони минтақавии милиса доир гардид.

Раиси вилоят зимни суханрониаш таъкид намуд, ки дар таҷрибаи давлатдорию мактаби сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва фаъолияти амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи доимӣ бо ҷомеа ҷиҳати баррасии муштараки масъалаҳои умдатарини тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар бо мардум, ҷалби онҳо ба идоракунии давлат сиёсати меҳварӣ ва омили муҳими пешрафт ба ҳисоб меравад.

Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри ХуҷандРӯзи ҷумъа, 1 феврал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Мейрамгалӣ Оринбасаровро ба ҳузур пазируфт. Дипломати қазоқ дар мулоқот иттилоъ дод, ки консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд аз оғози соли равон расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Раиси вилояти Суғд боз шудани  консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷандро ҳодисаи муҳим дар инкишофи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои судбахши байниминтақавии Тоҷикистону Қазоқистон ном бурд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои самараноки байниминтақавӣ, аз ҷумла миёни вилояти

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Хистеварз

( 0 Овоз )

Видео :: Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Хистеварз

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти  Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Cуғд, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо интихобкунандагон баргузор шуд.

Бояд тазаккур дод, ки раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода аз ҳавзаи интихоботии рақами 63-уми Хистеварз намояндаи халқи Маҷлиси вакилони вилоят интихоб шудааст. Ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон Қоҳир Расулзода доир ба иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун намояндаи халқ дар маҷлиси вилоят, инчунин оид ба рушди самтҳои мухталифи ҳаёти ҷамоати деҳот ва   вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва кӯмаку дастгирӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳарф зад. Аз ҷумла, Раиси вилоят зикр намуд, ки соли 2012 дар китоби таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Вохӯрии Раиси вилоят бо хатмкунандагон

( 1 Овоз )

Видео :: Вохӯрии Раиси вилоят бо хатмкунандагон

Имрӯз дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии Раиси вилоят  Қоҳир Расулзода бо хатмкунандагони курси омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон» баргузор гардид.

Зимни мулоқот Раиси вилояти Суғд  аз саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, зарурати мутахассисони соҳибмалака, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб сухан гуфт.
Курсҳои омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон»-ро бори аввал 42 нафар хатм намуданд, агарчи аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 100 нафар пешниҳод гардида буданд.

Таҳсил дар курсҳои омӯзишии «Сиёсатмадорони ҷавон»  таҳти сарпарастии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода тибқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 тарҳрезӣ шуда,  дар раванди такмили донишу малакаи ҷавонон нақши муносиб дорад.

ШУМО ДАР: НАВИД Навиди Раиси вилоят