Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Навиди Раиси вилоят

Вохурии Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

( 0 Овоз )

Вохурии Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

Видео : Вохурии Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

Имсол дар лигаи олии Чемпионати миллии Тоҷикистон аз вилояти Суғд се даста – «Хуҷанд» - и шаҳри Хуҷанд, «Парвоз» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Далерон – Уротеппа» - и шаҳри Истаравшан иштирок доранд.

Бо мақсади шиносоӣ аз бурду бохти футболи вилоят ва фаъолияти дастаҳо, имрӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарият ва ҳайати дастаи «Хуҷанд» - ро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари вилоят ҳадаф аз ин мулоқотро ҷоннок намудани фаъолияти даста ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи футболи вилоят арзёбӣ кард.

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо варзишгарони номии вилоят

( 0 Овоз )

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо варзишгарони номии вилоят

Видео : Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо варзишгарони номии вилоят

Имрӯз, 8 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо 11 нафар варзишагрони номии вилоят, ки эҳтимолияти иштирок дар бозиҳои  олимпии Рио–де–Женейроро соҳибанд, мулоқот орост.

Зимни ин мулоқот, ки бо ҳузури варзишгарони шинохтае чун Ҷаҳон Қурбонов, Асрор Воҳидов, Наврӯз Ҷафоев, Далер Сулаймонов, Комроншоҳи Устопириён, Мурод Тӯйчиев, Хусрав Облобердиев, Сарвар Исҳоқов, Кристина Проженко, Александр Проженко ва Виталӣ Сериков доир гардид, таъкид шуд, ки барои омодагии онҳо ба бозиҳои олимпӣ кӯмак расонида мешавад.

Мулоқот бо ҳайати КФ «Далерон-Уротеппа»

( 0 Овоз )

Мулоқот бо ҳайати КФ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ имрӯз бо ҳайати дастаи «Далерон-Уротеппа» - и шаҳри Истаравшан мулоқот доир намуд.

Бояд гуфт, ки дастаи «Далерон-Уротеппа» соли 2011 ташкил ёфта, соли 2012 аъзои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва худи ҳамон сол чемпиони вилоят ва ҷоизадори Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардидааст. Ин даста соли гузашта дар лигаи якум соҳиби мақоми сеюм гашта, ба лигаи миллии мамлакат роҳхат гирифтааст. Даста алҳол аз рӯи натиҷаи бозиҳо дар зинаи ҳафтуми ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Оғози навсозии роҳи маҳаллаи Навбаҳор дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Оғози навсозии роҳи маҳаллаи Навбаҳор дар Хуҷанд

Дар доираи «Соли 2014 –соли роҳҳои обод» дар қаламрави вилояти Суғд мумфарш ва навсозии роҳҳо босуръат идома дорад. Корҳои ободкорӣ дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз, 7 август бо  иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  мумфаршкунии боз як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд - Навбаҳор  оғоз гардид.

Ҳангоми мулоқот бо сокинони ин маҳал Раиси вилоят таъкид дошт, ки давоми соли 2014 мувофиқи Барномаи вилоятии «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» дар вилоят беш аз 2 ҳазору 60 километр роҳҳо  таъмиру азнавсозӣ шудаанд.

Оғози мумфаршсозии роҳи кӯчаи Ҷ. Зокиров

( 0 Овоз )

Оғози мумфаршсозии роҳи кӯчаи Ҷ. Зокиров

Видео : Оғози мумфаршсозии роҳи кӯчаи Ҷ. Зокиров

Субҳи имрӯз, 6 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Ҷ. Зокирови маркази вилоят ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сӯҳбат бо сокинон зикр намуд, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи нақшаи дар ин асос таҳиягашта, дар шаҳри Хуҷанд бояд 116 км роҳ таъмир ва асфалтпӯш карда шавад. То имрӯз бошад 80% корҳои нақшавӣ ба анҷом расонда шуда, давоми ҳафта таъмири роҳҳои маҳаллаҳои «Чашма», собиқ микроноҳияи 34-ум ва «Бофанда» шурӯъ мегарданд.

Маросими супоридани медалҳо ба хонандагони беҳтарин

( 4 Овоз )

Маросими супоридани медалҳо ба хонандагони беҳтарин

Видео : Маросими супоридани медалҳо ба хонандагони беҳтарин

Имрӯз, 5 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ду нафар хатмкардаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд - Нафиса Мирзоҷамшедзода аз мактаби Гёте ва Хуршед Бобоҷонов аз муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Рустамов» Шаҳодатномаи аъло ва медалҳо супурда шуданд.

Шаҳодатнома ва медалҳоро ба толибилмони беҳтарини вилояти Суғд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят