Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Навиди Раиси вилоят

Баррасии рушди қолинбофӣ дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо доктор А. Аҳрорӣ

( 0 Овоз )

Баррасии рушди қолинбофӣ дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо доктор А. АҳрорӣИмрӯз, 19 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ – мушовир ва пажуҳишгарро аз шаҳри Машҳади кишвари Эрон ба ҳузур пазируфт.

Ин мулоқот дар доираи амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои марказии мақомоти иҷроия - эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қолинбофӣ дар вилоят сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории тарафайн бо мутахассисони эронӣ ҷиҳати рушди ин ҳунари сердаромад дар Суғди бостон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар Суғд

( 0 Овоз )

Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар Суғд

Видео : Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар Суғд

Имрӯз, 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии хеш иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони соҳаи тандурустӣ табрик гуфт ва изҳори умед намуд, ки табибони вилоят баҳри беҳтар намудани саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбе, 16 август дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 38 нафар шаҳрвандон пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 10 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 10 нафар, Истаравшан – 4 нафар, Хуҷанд – 3 нафар, Ғончӣ - 2 нафар, Исфара – 2 нафар, Панҷакент – 1 нафар, Қайрроққум – 1 нафар, Шаҳристон – 1 нафар, Зафаробод – 1 нафар, Айнӣ - 1 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ - 1 нафар, Спитамен – 1 нафар ба қабули Раиси вилоят омаданд.

Дар Хуҷанд боз 153 нафар соҳиби замин шуданд

( 0 Овоз )
Дар Хуҷанд боз 153 нафар соҳиби замин шуданд
Видео : Дар Хуҷанд боз 153 нафар соҳиби замин шуданд
Рӯзи шанбе, 16 август дар маҳаллаи 14 – уми шаҳри Хуҷанд 153 нафар сокинони маркази вилоят соҳиби қитъаҳои замин гардиданд.

Ба ин муносибат дар ин мавзеъ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамаи онҳоеро, ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд, табрик намуда, таъкид намуд, ки соҳибони манзил бояд ба тарҳу сохтмони манзилҳои бунёдшаванда эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 1 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятШанбеи 9 август, дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 35 нафар шаҳрвандон пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 13 нафар, Хуҷанд – 6 нафар, Шаҳристон – 3 нафар, Спитамен – 3 нафар, Зафаробод – 2 нафар, Айнӣ - 2 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 2 нафар, Ғончӣ - 1 нафар, Панҷакент – 1 нафар, Чкалов – 1 нафар, Ҷаббор Расулов – 1 нафар ба қабули Раиси вилоят омаданд.

Шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он, иқтисод ва молия, сохтмон, маорифу тандурустӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ Сергей Лисовскийро ба ҳузур пазируфт

( 0 Овоз )

Абдураҳмон Қодирӣ С.Ф. Лисовскийро ба ҳузур пазируфт

Видео : Абдураҳмон Қодирӣ Сергей Лисовскийро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи шанбе, 9 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати расмии Федератсияи Русияро бо роҳбарии узви Шӯрои Федератсияи Русия, муовини якуми раиси Кумита оид ба сиёсати аграрӣ – озуқаворӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ҷаноби Сергей Лисовский ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот Раиси вилоят оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла амалӣ намудани ислоҳоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд, ки дар натиҷаи он  32 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил гардид, маълумот дод.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят