Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Навиди Раиси вилоят

Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Э. Раҳмон

( 1 Овоз )

Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Э. Раҳмон

Видео : Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Э. Раҳмон

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, сохтмони бинои нави ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин карда шудааст.

Иштирок дар фаъол гардондани толори бузурги варзишӣ ва варзишгоҳи олимпӣ дар Қайроққум

( 0 Овоз )

Иштирок дар фаъол гардондани толори бузурги варзишӣ ва варзишгоҳи олимпӣ дар Қайроққум

Видео : Иштирок дар фаъол гардондани толори бузурги варзишӣ ва варзишгоҳи олимпӣ дар Қайроққум

Дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд биною иншооти нави дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин пас аз навсозии куллӣ 19 июни соли 2013, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дубора мавриди истифода қарор гирифта буд.

Чунонки иттилоъ доданд, масоҳати умумии марказ 19,5 га буда, он дорои   1 бинои зимистона барои 226 нафар, 9 бинои тобистона барои 456 нафар, 1 бинои таълимӣ, майдончаи гулханафрӯзӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдончаи бозиҳои кӯдакона, майдони сунъӣ барои футболи хурд, майдончаҳои волейбол, баскетбол, тенниси калон ва 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Таҷ-роуд» -ро мавриди истифода қарор дод

( 1 Овоз )

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Таҷ-роуд» -ро мавриди истифода қарор дод

Видео : Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Таҷ-роуд» -ро мавриди истифода қарор дод

Дар мавзеи «Рухак»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Таҷ-Роуд» ба кор дароварда шуд.

Тавре аён гардид, ин корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад, аз ҷониби бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ Сомонроҳ бунёд ёфтааст.

Ҳарду коргоҳи ин корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Коргоҳи асфалт бо технологияи истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва коргоҳи коркарди регу шағал бо технологияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон муҷаҳҳаз гардидааст.

Ифтитоҳи коргоҳи нави ҶДММ Элегант доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ дар шаҳри Чкалов

( 0 Овоз )

Ифтитоҳи коргоҳи нави ҶДММ Элегант доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ дар шаҳри Чкалов

Видео : Ифтитоҳи коргоҳи нави ҶДММ Элегант доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ дар шаҳри Чкалов

Дар шаҳри Чкалов, ки яке аз марказҳои бузурги саноатии вилояти Суғд ва кулли ҷумҳурӣ ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи нави ҶДММ «Элегант» доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ҶДММ «Элегант» соли 2000 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулаҳад Мӯъминов таъсис дода шуда, аз соли 2009 ба ин сӯй бо коркарди сангҳои зебои вулканӣ ва истеҳсоли масолеҳи ороишии сохтмон аз онҳо машғул аст. Сангҳои вулканӣ аз минтақаи Долонаи ноҳияи Ашт гирифта шуда, дар коргоҳи мазкур бо истифода аз таҷҳизоти муосири сохти Русия коркард мешавад.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири Сипеҳр дар шаҳри Чкалов бо ҳузури Сарвари давлат

( 2 Овоз )

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири Сипеҳр дар шаҳри Чкалов бо ҳузури Сарвари давлат

Видео : Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири Сипеҳр дар шаҳри Чкалов бо ҳузури Сарвари давлат

Дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири Сипеҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст.

Чунонки зикр гардид, меҳмонхонаи Сипеҳр дар масоҳати умумии он 0,56 га ҷойгир шуда, иборат аз 3 ошёна мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, фурӯшгоҳи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, тарабхона, толорҳои маркази таълимӣ ва толори хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи сеюм толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ҷойгир шудаанд. Меҳмонхона дорои 46 ҷойи хоб буда, 30 адад ҳуҷраҳо барои қабули мизоҷон омода аст. Дар ин меҳмонхона 55 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи моҳонаи 1500 сомонӣ таъмин мегардад.

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти СуғдИмрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Тайи ин боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхона ва як мактаби нав чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабиниҳои бахшида ба арафаи солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок хоҳад дошт.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят