Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Навиди Раиси вилоят

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбе, 6 сентябр дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 33 нафар шаҳрвандон пазируфта шуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд - 9 нафар, Мастчоҳ - 6 нафар, Бобоҷон Ғафуров - 6 нафар, Истаравшан - 1 нафар, Қайрроққум - 1 нафар, Зафаробод - 1 нафар, Чкалов - 2 нафар, Исфара - 2 нафар, Спитамен - 1 Ғончӣ - 3 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ - 1 нафар ба қабули Раиси вилоят омаданд.

Шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он, сохтмон, маорифу тандурустӣ, сафари Ҳаҷ, Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Видео : Таҷлили иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 5 сентябр дар Чойхонаи миллӣ, воқеъ дар Қасри Арбоб 23 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Чорабинии идонаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оғоз намуда, иди истиқлолро ба мардуми шарифи вилоят табрику таҳният гуфт. Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, кулли мардуми вилоятро бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.

Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

( 2 Овоз )

Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

Видео : Иштироки Раиси вилоят дар фаъолсозии телестудия дар ДДХ

Имрӯз, 1 сенятбр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими фаъолсозии студияи таълимии телевизионии «Фурӯғ» - и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти телестудия ҳусни оғоз бахшида, дар хитоб ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани  малакаи касбӣ аз васоити техникии муосир самаранок истифода баранд.

Мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят

( 0 Овоз )

Мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят

Видео : Мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят

Имрӯз, 28 август дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят машварати августии омӯзгорон доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Қабл аз баргузории машварат дастовардҳои муҳассилини мактабҳои вилоят, маҳсули эҷоди дастони эъзоёни маҳфилҳои ҳунарӣ, кашфиётҳои техникии ихтирокорони наврас ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.

Машварати кории Абдураҳмон Қодирӣ

( 0 Овоз )

Машварати кории Абдураҳмон Қодирӣ

Имрӯз Раиси  вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони  Раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи корӣ баргузор  намуд.

Дар он сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷамбаст ва натиҷабардорӣ гардид. Дар ҷамъомад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои  Сарвари давлатро ҳангоми сафар дар вилояти Суғд баррасӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аёдати А. Қодирӣ аз осебдидагони тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон

( 0 Овоз )

Аёдати А. Қодирӣ аз осебдидагони тирпаронӣ дар марз бо ҚирғизистонИмруз, 26 август Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оилаи Нуъмонҷон Набиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, бо вазъи нафароне, ки дар ин муноқишаи сарҳадӣ аз тири марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷароҳат дидаанд, шинос гардид. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки ин шаҳрвандон бо дорувории зарурӣ таъмин карда шуда, вазъи саломатии онҳо зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят