Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Навиди Раиси вилоят

Маҳфили шеъри Фарзона дар Қасри Арбоб

( 0 Овоз )

Маҳфили шеъри Фарзона дар Қасри Арбоб

Видео : Маҳфили шеъри Фарзона дар Қасри Арбоб

Имрӯз, 4 ноябр дар Қасри Арбоб маҳфили шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ бо иштироки васеи ҳаводорони шеъру адабиёт, махсусан ашъори ноби Фарзона доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки бо мақсади иштирок дар ин маҳфил ба Қасри Арбоб омада буд, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки сиёсати фарҳангиву фардоофарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси равнақи ҳамаҷонибаи адабиёт, таъсиси мактабу доираҳои адабӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон гардида, тамоми имкониятҳои муносибро барои аҳли адаб бунёд ниҳод.

Хуҷанд: 150 нафар соҳиби замин шуданд

( 0 Овоз )

Хуҷанд: 150 нафар соҳиби замин шуданд

Видео : Хуҷанд: 150 нафар соҳиби замин шуданд Бахшида ба 20 – умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3 ноябр бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз маҳаллаҳои 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд ба 150 нафар сокинони маркази вилоят қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи маҳаллаи бунёдшаванда бо сокинон мулоқот орост. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо сокинон Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола теъдоди зиёди сокинон соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мегарданд ва вазъи иҷтимоии шаҳрвандон сол аз сол беҳтар мегардад.

Раиси вилоят ҳамзамон ҳамаи онҳоеро, ки  дар ин рӯз имкони беҳтар намудани шароити манзили зистро пайдо намуданд, табрик намуда, қайд намуд, ки сокинони соҳиби замин шударо зарур аст, ба тарҳи сохтмонии биноҳои бунёдшаванда эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 1 ноябр 44 нафар сокинони вилоят ба роҳбарияти вилояти Суғд муроҷиат намуданд.

Дар ин рӯз аз шаҳру навоҳии Истаравшан – 13 нафар, Ғончӣ - 7 нафар, Хуҷанд – 7 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 6 нафар, Мастчоҳ – 4 нафар, Айнӣ - 3 нафар, Спитамен – 1 нафар, Исфара – 1 нафар, Ашт – 1 нафар, Чкалов – 1 нафар пазируфта шуданд.

Сокинон асосан бо масоили замин ва баҳси он, манзил ва баҳси он, сохтмону тандурустӣ, таъминот бо оби полезиву нӯшокӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ғайра ба Раиси вилояти Суғд муроҷиат намуданд.

Оғози ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо»

( 0 Овоз )

Оғози ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо»

Видео : Оғози ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» Дар театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» баргузор гардид.

Дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимов, шарқшиноси варзида аз кишвари Олмон Александр Ҳайзер, адабиётшинос ва рӯзноманигори маъруф аз кишвари Ҳоланд Меҳдии Ҷомӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмаисуф Имомов, донишмандону олимон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва донишгоҳҳои дигари кишвар ташриф овардаанд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони занони соҳибкори вилояти Хатлон

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони занони соҳибкори  вилояти Хатлон

Видео : Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони занони соҳибкори  вилояти Хатлон Субҳи имрӯз, 31 октябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ як гурӯҳ занони соҳибкор, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятии вилояти Хатлонро бо роҳбарии Дилбар Халилова, директори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат таъкид шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» дар асосои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи Рушд тавассути ҳамкории минтақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

Гузориши муфассал аз ҷараёни иштироки А. Қодирӣ дар Форуми чоруми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ»

( 1 Овоз )

Гузориши муфассал аз ҷараёни иштироки А. Қодирӣ дар Форуми чоруми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ»Санаҳои 20 – 24 октябри соли 2014 ҳайати бонуфузи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.

Аз ҷумла, аз вилояти Суғд Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи намояндагони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг ширкат варзида, дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии дорои аҳамияти минтақавӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят