Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан кард

( 0 Овоз )
Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан кард

Видео :: Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод дидан кард

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар  вазъи мелоративии заминҳои кишоварзӣ ва омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳияро ба мавсими нави обёрӣ аз назар гузаронд.

Ноҳияи Зафаробод аз минтақаи асосии кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, фаъолияти мӯътадили пойгоҳҳои обкашӣ барои кишоварзони ноҳия чун обу ҳаво зарур аст. Тайи чанд соли охир вазъи мелоративии заминҳои ин мавзеъ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар асоси Барномаи давлатӣ таъмиру тармими хатҳои обрасонии минтақа бо маром идома дорад. То ин дам аз ҳисоби марказҳои хизматрасонӣ ва Вазорати мелоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз 2.100  метр қубурҳои обгузар 1780 метраш иваз карда шуданд.

Дар асоси Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қубурҳои пойгоҳи обкашии ноҳия  то соли 2015 бояд пурра иваз карда шаванд. Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъминоти об дар ноҳия дар охири соли 2012 таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои таъмиру тармими  пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод  аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 10 миллиону  300 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд, ки ин ғамхорӣ барои мардуми ноҳия аст.

Бо мақсади шиносоӣ аз ҳолати кунунии пойгоҳҳои обкашӣ ва омодагии идораи хоҷагии оби ноҳия ба мавсими нави обёрӣ Раиси вилоят Қоҳир Расулзода  ба ин мавзеъ ташриф овард. Зимни боздид аз пойгоҳҳои обкашии «Мирзочӯл» ва «Қизилӣ» Қоҳир Расулзода  таваҷҷӯҳи мутасаддиёни соҳаро ба таъмири босифати дастгоҳҳо ҷалб намуд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки баъди сафари қаблии Раиси вилоят, ки моҳи декабри соли рафта сурат гирифта буд, барои беҳтар кардани ҳолати мелоративии заминҳои Зафаробод аз ҳисоби буҷети вилоят  300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо масрафи маблағи зикршуда мутахассисони соҳа дастгоҳҳои обрасониро  таъмир мекунанд. Айни ҳол аз 6 муҳаррики пойгоҳи обкашонии «Мирзочӯл-1» 4 адад, аз 4 муҳаррики пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2», 2 адад ва қисман дастгоҳҳои обрасонии пойгоҳҳои «Қизилӣ» барои фаъолият дар мавсими нав омода шудаанд. Аз 190 чоҳи амудӣ, ки дар ихтиёри идораи хоҷагии ноҳия мебошад, 40 тояш ба мавсими обёрӣ тайёр аст.

Дар ноҳияи Зафаробод 13 пойгоҳи обкашӣ бо 57 насос вуҷуд дорад.   Дар ноҳия 27 ҳазору 830 гектар замини обёришаванда ҳаст. Муаммои дигаре, ки ба фаъолияти босифати идораи хоxагии оби ноҳия халал мерасонад, сари вақт напардохтани ҳақи хизматрасонии об аз ҷониби истифодабарандагон аст.   Идораи оби ноҳия алҳол 26 миллиону 925 ҳазор сомонӣ қарздор аст.    Идораи хоxагии об баробари ба сомон расонда натавонистани корҳои дигар ба 400 нафар коргарони коргоҳ  музди меҳнаташонро напардохтааст, яъне қарздор аст.

Баъд аз боздиди иншооти обкашӣ Раиси вилоят бо иштироки раисони шаҳру навоҳии Зафаробод, Истаравшану Fончӣ, мутахассисони соҳа ва фаъолон ситоди корӣ газаронд. Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки масъалаи таъмини об  барои Зафаробод  муҳим  аст ва ҳалли он бояд ба сатҳи ниҳоӣ расонда шавад. Дар ин замина дастур дода шуд, ки ҳар ҳафта дар ноҳия ситоди корӣ баргузор карда, масъалаи омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав зери назорати қатъӣ  гирифта шавад.

Қоҳир Расулзода  аз раиси ноҳияи Зафаробод Рустам Раҳматов, муовинони Раиси вилоят Мубинxон Қайюмов ва Аҳмадxон Қобилов,  раиси Кумитаи заминсозии вилоят Орифxон Хоҷаев ва раисони шаҳру навоҳии Fончиву Истаравшан Зуфар Исмоилов ва Иброҳим Абдуллоев, ҳамчунин роҳбарони идораҳои хоҷагии оби вилояту ноҳияро мавриди пурсиш қарор дод.

Ба хотири тезонидани раванди таъмир ва таъмини сифати он Қоҳир Расулзода дастур дод, ки аз буҷети вилоят барои идораи хоҷагии оби ноҳия боз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.

Дар ситоди корӣ Раиси вилоят масъалаҳои дигари кишоварзиро низ мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла ба раванди шудгор дар ноҳия эрод гирифта шуд. Боиси таассуф аст, ки  то имрӯз ҳамагӣ 44 дарсади заминҳои корам шудгор карда шудаанд. Илова бар ин айни ҳол дар Зафаробод наздик 2 ҳазор гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Роҳбарияти ноҳия бояд ба масъалаи бунёди боғу токзор эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Раиси вилоят, ҳамзамон, масъулини ноҳияро барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share