Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )
Мулоқоти Раиси вилоят бо консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд

Рӯзи ҷумъа, 1 феврал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Мейрамгалӣ Оринбасаровро ба ҳузур пазируфт. Дипломати қазоқ дар мулоқот иттилоъ дод, ки консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд аз оғози соли равон расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Раиси вилояти Суғд боз шудани  консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷандро ҳодисаи муҳим дар инкишофи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои судбахши байниминтақавии Тоҷикистону Қазоқистон ном бурд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои самараноки байниминтақавӣ, аз ҷумла миёни вилояти

Суғд ва минтақаҳои мухталифи кишвари Қазоқистон баррасӣ шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тайи солҳои охир ин ҳамкорӣ  вусъати тоза гирифтааст.Ҳамзамон ҷонибҳо  таъкид намуданд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории барои  ҳарду ҷониб муфид ҳанӯз зиёд аст. Дар мулоқот рушди бештар ва тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла иштироки сармояҳои ҷонибҳо дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии муштарак, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандии тарафҳо таъкид гардид.

Хотиррасон мекунем, ки Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин кишварест, ки намояндагии худро дар дуюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанд таъсис додааст. Қаблан Федератсияи Русия консулгарӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагии худро дар шаҳри соҳили Сирдарё ташкил карда буданд.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

Share