Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Навиди Суғд


Ҷамъбасти аксияи «Тозагии маҳал-2012» дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

20 ноябри соли 2012

Бахшида  20 солагии Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қаламрави вилоят чорабиниҳои ободонии маҳалҳо - аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар ин чорабиниҳо, ки бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор мегардид, шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда, 23528,25 метри мукааб партовҳоро ба партовгоҳҳо бароварданд.

Тифли хуштолеъи 20-солагии Иҷлосияи таърихӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Дар арафаи таҷлили 20-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Спитамен дар оилаи Рофиев Инъом ва Холиқназарова Мафтуна фарзанди некқадам ба дунё омад.
Ба ин муносибат аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, барои хотирмон гаштани таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар таваллудхонаи марказии ноҳия бахшида ба ин рӯзи фархунда қайди расмии тантанавии тифли навзод гузаронида шуд.

Омўзгорони суғдӣ- ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ

( 0 Овоз )

Маорифчиёни вилояти Суғд аз ғамхориҳои рӯҳафзуни Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мактабу маориф ва омӯзгорон рӯҳбаланд гардида, пайваста ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил мегарданд. Дар натиҷаи меҳнати суботкорона бахшида ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи ХVI таърихӣ ва тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорону хонандагони мактабҳои вилоят муяссар гардид, ки дар якчанд озмунҳои касбию фаннии ҷумҳуриявии соли хониши ҷорӣ доиргардида ғолибият ба даст оваранд.
Аз 27 то 30 октябр дар пойтахти мамлакат бо мақсади дарёфт ва ошкор намудани омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагоги беҳтарин озмуни ҷумҳуриявии "Муаллими соли Тоҷикистон" ва "Мураббии сол" доир гардид. Дар ин чорабинӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беҳтарин омӯзгорон гирд омаданд. Дар натиҷаи қувваозмоӣ мураббии кӯдакистони № 8-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бишарифа Юсуфова сазовори ҷойи якум ва мураббии кӯдакистони № 36-уми шаҳри Хуҷанд Муяссара Солиева сазовори ҷойи дуюм дониста шуданд.

Сарнавишти тақдир аз ту вобаста аст

( 0 Овоз )

Дар шаҳи Хуҷанд таҳти ин унвон озмуни кормандони сабти ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар даври вилоятии он намояндагони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Қайроққум, Ашт, Зафаробод ва Спитамен  ба ҳамкасбон ва ҳакамон маҳорати кордонӣ ва ҳунармандии худро нишон доданд. Ҳайъати ҳакамон, ки аз бонувони маъруф, ходимони сиёсӣ чун Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова,  Раъно Бобоҷонова  ва дигарон иборат буданд, пас аз ҷамъбасти холҳо аз рӯи чор шарт- муаррифӣ, саволу ҷавоб, баромадан аз ҳолати ногувор ва маданияти коргузорӣ ҷои аввалро  бо 143,5 холӣ сазовори мудирони бахши САҲШ-и ноҳияи Спитамен ва ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум донистанд, ҷойҳои дуюмро намояндагони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашт ишғол намуданд, ҷои сеюм насиби намояндагони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафараобод гардид.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ

( 0 Овоз )

9 - ноябри соли 2012
Бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани имконият оид ба интихоби кори мувофиқ, иҷроиши «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013», тибқи нақша-чорабинии Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд санаи 9 - ноябри соли ҷорӣ  дар майдони Регистони бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва Сардори Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ярмаркаи ҷойҳоии кори холӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ярмаркаи вилоятӣ  раёсату шӯъбаҳои Агентии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Ҷ.Расулов, Спитамен, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Истаравшан, Чкалов ва Қайроққум, муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ ва намояндагони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр, ва субъектҳои хоҷагидоре, ки барои фиристодани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар иҷозатнома доранд иштирок намуданд. Дар ярмарка зиёда аз 50 намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуда, зиёда аз 3700 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд. Дар рафти ярмарка ба 88 нафар шаҳрвандони корҷӯй барои бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардидан роҳхат дода шуд.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд