Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Навиди Суғд


Ҷашни 68-солагии «Рӯзи Ғалаба» дар Суғд

( 1 Овоз )

Ҷашни 68-солагии «Рӯзи Ғалаба» дар Суғд Санаи 9-уми май дар қаламрави вилоят  68-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Вобаста ба ин ҷиҳати бошукӯҳ   доир намудани тантанаҳои ҷашнӣ мулоқотҳои масъулони шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фарҳангӣ ва корхонаву ташкилотҳо сурат мегирад. Дар ин бора Қарори Раиси вилоят аз 20-уми феврали соли ҷорӣ, №42 ба тасвиб расид.

Таҷлили саду як солагии матбуоти тоҷик дар Суғд

( 2 Овоз )

                Таҷлили саду як солагии матбуоти тоҷик дар СуғдСанаи 11-уми  март дар қаламрави вилоят Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 15 феврали соли ҷорӣ, № 37 ба тасвиб расид. Дар доираи ҷашни Рӯзи  матбуот гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар назар аст. Озмунҳои вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Ватан, ишқи ту ифтихорам» байни журналистони ҷавон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ин қабил чорабиниҳои муҳим арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ «Бухорои Шариф» буда, он дар соли 1912 ба нашр расидааст.

Қадамҳои нахустин ба сӯи ҳукумати электронӣ

( 3 Овоз )

Қадамҳои нахустин ба сӯи ҳукумати электронӣ14 феврали соли 2013 дар толори «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – қадами нахустин ба сӯи ҳукумати электронӣ» бо иштироки намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла котибони масъули Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Мизи мудаввари мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дар ҳамкорӣ бо Маркази технологияҳои иттилоотии «Кова», Барномаи рушди иқтисодии деҳоти Созмони Миллали Муттаҳид доир шуда, ба иштирокдорон дастури методӣ – «Лоиҳаи таҳия намудани сомонаҳои расмии мақомотҳои маҳаллӣ» тақдим гардид.

Грантҳо барои занони соҳибкор

( 0 Овоз )

 Грантҳо барои занони соҳибкор

Барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли ҷорӣ 15 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 10 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешавад. Ин грантҳоро занони соҳибкор-шахсони алоҳидаи воқеии вилоят, ки лоиҳаву барномаҳояшон дар озмун ғолиб мегардад, ба даст оварда метавонанд. Дар ин бора Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 феврали соли ҷорӣ,№ 32 «Дар бораи таъсис додани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2013»  ба тасвиб расид.

Партовҳои бесоҳиб дар вилоят ба танзим медароянд

( 0 Овоз )

Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд Дар вилояти Суғд комиссияи доимамалкунанда оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб ташкил карда шуд. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 8 феврали соли 2013, № 31 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳиб»  ба тасвиб расид. Комиссияи мазкур бо мақсади ошкор кардани вазъи мавҷудаи партовҳое, ки дар ҳудуди воҳидҳои марзӣ-маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шуда ба ифлосшавии муҳити зист сабаб мешаванд, таъсис ёфтааст.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд