Хабарҳо
23 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад - 21.11.2019 08:59
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят - 20.11.2019 18:05
Баргузории семинари дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар Раёсати маорифи вилояти Суғд - 20.11.2019 15:05
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 11 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд - 20.11.2019 13:25
Кишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 100% иҷро намуданд - 20.11.2019 13:10
21 ноябр маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» баргузор хоҳад шуд - 20.11.2019 10:10
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55

Навиди Суғд


Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар тақсим кардани замини наздиҳавлигӣ иштирок кард

( 0 Овоз )

Майдони умумии замин 8 гектарро ташкил дода, барои ҳар як оила 6  сотихӣ мебошад. Ҳамчунин Раиси вилоят дар ин маҳалла бунёди бунгоҳи тиббӣ, мактаб, варзишгоҳ, кӯдакистон ва дигар иншоотҳои заруриро тавсия дод.

Раиси вилоят бо лоиҳаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои номбурда шинос шуда, ба раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  дар бораи сари вақт ҳал кардани муаммои барқу об ва қубурҳои ташноб супориш дод.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки шаҳрвандон бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

Қарорҳои Раиси вилоят ба имзо раcид

( 0 Овоз )

Бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, таъминӣ якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими ташаккули давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ваҳдати халқҳои маскуни кишвар қарори Раиси вилоят «Дар бораи таҷлили Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 августи соли равон, №210 ба имзо расид.

Тибқи қарори мазкур санаи 6 ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин қарори Раиси вилоят «Дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 августи соли ҷорӣ №214 ба тасвиб расид, ки мутобиқ ба он рӯзи 24 ноябри соли 2012 дар ҳудуди вилоят Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Дар ин замина шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, кор бо занон ва оила, Раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати тарғиби дастовардҳои истиқлолият, нақши Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ҳидоят ба ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ, эҳтиром ва таъмини волоияти қонун байни  мардум ва инчунин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон то рӯзи ҷашн дар шаҳру навоҳии вилоят сӯҳбату мулоқотҳо, гузаронидани конференсия, семинарҳо доир ба нақш ва мақоми Конститутсия дар мактабҳои миёна, олӣ ва миёнаи махсус, таҳия ва пахши барномаҳо дар телевизион ва радио, чопи маводҳо дар матбуот доир ба Парчами давлатӣ ва нақшу мақоми он дар ҷомеа ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

Муждаи зафар аз Конибодом

( 0 Овоз )

Ба унвони Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода аз номи раиси шаҳри Конибодом  Н.Обидов муждаи меҳнатӣ расид, ки дар он омадааст:

«Раиси мӯҳтарам!

Ба маълумоти Шумо эҳтиромона  мерасонем, ки заркорони бригадаи  №2 – ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова санаи 12- сентябри соли равон  аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намуданд.

Онҳо ба майдони 75 гектар пунбадона кишт намуда, мувофиқи нақша бештар  аз 191 тонна тиллои сафед  ҷамъ оварданд, ки  ҳосилнокии он 25,5 сентнериро ташкил дод. 
Дар ин соли таърихӣ – 20-солагии Иҷлосияи  тақдирсози шонздаҳумини Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатдӯстони бригада   ӯҳдадор гардиданд, ки  илова бар нақша боз 35 тонна  дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро ба 30 сентнерӣ расонанд».

Хадамоти матбуотии 
Раиси вилояти Суғд

 

Қабули навбатии Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 20 сентябри соли равон, соати 09-00 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки ин тадбир  бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи воқеии зиндагии сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд  доир гардида истодааст.

Сокинони ноҳия метавонанд дар он бевосита иштирок намоянд ва ҳам арзу дархост, пешниҳодҳои худро ба нишонаи электронии  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ё худ тариқи телефонҳои (+3422) 6-72-03 қаблан  ирсол намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Сафари кории Сарвазир ба вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Сипас, Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти сохтмони нақби Шаҳристон огоҳ гардиданд. Дар ин иншооти бузурги коммуникатсионӣ баъди ба ҳам пайвастани нақб аз қисмҳои ҷанубу шимол марҳилаи навбатии сохтмони иншооти ёрирасон вусъат ёфта, тайи ду ҳафтаи охир бунёди таҳкурсии роҳ дар дохили тунел, сохтмони канали кабелҳо ва кашидани  кабел ва қубурҳои обпартои марказӣ, бетонкории равоқи дойрашакл  дар масофаи 5 ҳазору 253 метр анҷом ёфт.

Бетонкории қисми мошингарди роҳ ба охир  тадриҷан наздик мешавад ва то  интиҳои ин амалиёт 595 метр мондааст. Дигар корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла пӯшонидани деворҳои давродаври дохили нақб ва насби маводи зидди сӯхтор, корҳои рангу пардоздиҳӣ, чароғонкунӣ, васли таҷҳизоти иншооти ҳавокашӣ идома дорад.

Дар даромадгоҳи нақби Шаҳристон иншооти   истифодаву нигоҳдории роҳи ағба бунёд мешавад ва дар ин иншоот низ корҳои бунёдкорӣ вусъат мегирад. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии нақб ва сӯҳбат бо коргарону мутахассисон аз суръати вусъат ва сифати корҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.  Дар сохтмони иншооти муҳим бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кӯмаку мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ қувваҳои иловагӣ ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, шумораи коргарон зиёд гардида, алҳол дар сохтмон 600 нафар фаъолият доранд. Ҳамчунин барои сари вақт ба иҷро расонидани сохтмони  нақби Шаҳристон иловатан 200 адад мошину механизимҳо аз ҳисоби ҷумҳурӣ, сохторҳои марбутаи вилояти Суғд ва ҷамъияти саҳҳомии «Роғунстрой» ҷалб шудааст, ки ин яке аз омилҳои суръат ёфтани корҳо дар сохтмони нақб мебошад. Бино ба иттилои мутасаддиён, бунёди нақби Шаҳристон бо кӯмаку мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбута ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва ҳамчунин  Ширкати сохтмони роҳ ва кӯпрукҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой «Чайна-роуд»  дар назар аст, ки  дар мӯҳлати муайяншуда анҷом ёбад.

Сарвазири ҷумҳурӣ бо ҳама самтҳои кор аз наздик шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидан, мутобиқ ба меъёрҳо бунёд шудани ҳамаи иншооти асосиву ёрирасони нақби Шаҳристон  дастуру супоришҳои мушаххас дод. Баъд аз нисфирӯзӣ сафари кории Сарвазири мамлакат  Оқил Оқилов дар  вилояти Суғд ба анҷом расид.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд