Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Навиди Суғд


Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​

( 0 Овоз )

Бо мақсади мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон даҳаи сеюми моҳи январ дар вилоят озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад.

Тавре аз кумитаи тадорукоти озмун иттилоъ доданд, ​ даври якуми озмун дар шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар маркази вилоят доир гардида, ба ғолибон мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ тақдим мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳар минтақаи вилоят коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ бо тарзу усули хоси минтақаи ҷойгиршавӣ ба роҳ монда шудааст ва яке аз ҳадафҳои озмун муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд

( 0 Овоз )

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳоеро, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод шудаанд, тасдиқ намуд.

Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсии зерин пешниҳодшуда тасдиқ карда шуд.

Нусхаи рӯйхати тасдиқкардашуда ба ҳизбҳои сиёсӣ ирсол карда шуд.  Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуҷҷатҳои номзадҳоро мувофиқи рӯйхатҳои тасдиқгардида тибқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои бақайдгирӣ пешниҳод менамоянд.

Тибқи рӯйхати тасдиқкардашуда 70 нафар, аз ҷумла аз ҲХДТ — 28, ҲАТ — 13, ҲДТ — 4, ҲИИТ — 7, ҲКТ — 6, ҲСТ — 8 ва ҲСДТ – 8 нафари  пешниҳодшуда тасдиқ карда шуд.

Саймурод Фаттоҳзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ранохон Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода, Фирӯза Шарифӣ, Идигул Қосимзода, Хайрулло Амонулло, Саодатшо Матробиён, Абдураҳим Холиқзода, Абдулло Табарӣ, Музаффарҷон Маҳмудов, Файзалӣ Идизода, Муҷибахон Ҷавҳарова, Бибиосия Аюбӣ, Шарофиддин Ҷӯразода, Файзалӣ  Назаров, Тағоймурод Ҳасанзода,  Рухсора Давлатзода, Сафиямоҳ Тешаева, Саёҳат Дадаҷонова,  Ҳабибулло Амирбекзода, Зулфия Давлатзода,    Дилноза Аҳмадзода, Бахтиёр  Ҳамдамов, Фирдавс Ёдгорӣ,  Фариза Абдуллозода ҲХДТ-ро намояндагӣ мекунанд.

Рустам  Латифзода, Фазлиддин Икромов, Мансур Усмонов,  Неъматулло Холбойзода, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Шодӣ Мӯсозода, Музаффар Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Ҷонона Ҳайдарзода, Нуралӣ Ниёзов, Рупия Сафарова, Раҳмон Зиё ҳамчун  номзад аз ҲАТ, Саидҷаъфар Усмонзода, Диловар Холов, Таваралӣ  Зиёзода, Зӯҳро Мирзоева аз ҲДТ, Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашӯров, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Зафар Ализода, Абдулатиф Раҳимов, Баҳодур Раззоқов аз ҲИИТ, Мироҷ Абдуллоев, Зарагул Мирасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Ҳамидов,  Азизҷон Раҳмонов аз ҲКТ, Абдуҳалим Ғаффоров, Маъруфхуҷа Юсупов, Зариф Наимов, Миҷгона Рустамова, Фаррух Боқиев, Давлатхоним Саидошурова, Наргиза Бобоҷонова,  Уғул  Қобилова аз ҲСТ,  Раҳматилло Зойиров, Шокир Ҳакимов, Дилбар Самадова,  Бахтиёр Насруллоев, Нигина Шоназарова, Маҳмурод Одинаев, Қиёмиддин Азизов, Сиддиқ Саидов аз ҲСДТ дар рӯйхати тасдиқшуда ҷой гирифтаанд.

 

Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф

( 0 Овоз )

Бо мақсади шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд бо иштироки олимону устодон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯи  «Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.

Тибқи барномаи конференсия устодони донишкада Нурулло Ҳомидов, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии филиал, Рӯзиева Мавлуда, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ, Ҳакимова Зебо, омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №81, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Амонбоев Далерҷон, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №43, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Салимова Сабоҳат,  омӯзгори  фанни таърих ва ҳуқуқуи Гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд, Селебко Екатерина, омӯзгори забони русии МТУҒ «Паймон»-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯҳои  «Масъалаҳои илму маориф дар Паёми Пешвои миллат»,  «Ҳадафҳои Паём», "Роҳ ва усулҳои амалишавии Паёми Пешвои миллат дар омӯзиши забонҳо”, «Масъалаҳои забон ва китобхонӣ дар Паёми Пешвои миллат», «Ҳифзу гиромидошти ҳофизаи таърихӣ», “Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в области науки и образования» маърӯза намуданд.

Баромадкунандагон таъкид гардиданд, ки “ҳар яки мо бояд ба қадри сулҳу субот ва ободию осоиштагӣ расида, бо кору рафтори созандаи худ диёрамонро боз ҳам обод гардонем ва ба сӯи ояндаи ободу осоишта қадамҳои устувор гузорем. Дар ин ҷода Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои ҳамешагии мо – маорифчиён аст”.

Дар анҷоми конференсия ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои хатми курс супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Дилафрӯз​ Каримова​ ғолиби​ озмуни «Омӯзгори​ соли Тоҷикистон-2019» гардид​

( 0 Овоз )

Омӯзгори​ фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри​ Хуҷанд​ Дилафрӯз​ Каримова​ бо гирифтани 205 хол​ ғолиби​ озмуни «Омӯзгори​ соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.​

Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ҷамъбаст гардид.

Дар озмун панҷ нафар довталабон​ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,​ шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат​ аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Омӯзгори фанни физикаи Мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Ризоалӣ Мамадназарбеков соҳиби 177 хол, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни таърихи Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов соҳиби 193 хол ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова соҳиби 204 хол гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019”

( 0 Овоз )

Ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” муайян ва бо сипосномаву мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ гардиданд. Мукофотҳоро ба ғолибони озмун рӯзи 17 январ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуд.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд