Хабарҳо
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36

Навиди Суғд

Дар машварати кории Раиси вилоят вазъи соҳаи моҳипарварӣ баррасӣ шуд

( 0 Овоз )

25 сентябр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он вазъи соҳаи моҳипарварӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз, 25 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию мадании сарзамини тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар бораи обу хок ва табиати дилфиреби ин сарзамини биҳиштосо, хусусиятҳои ҷуғрофӣ, аҳолӣ, урфу одатҳои мардумони бумии он дар асрҳои пеш аз мелод дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто», катибаҳои рўисангӣ, асарҳои муаррихон ва сайёҳони юнонию румӣ, арабҳо, сайёҳони Чин маълумоти муфид дода шуда, эшон таассуроти хеш ро доир ба назокатҳои ин шаҳр дар иртибот бо рўди сероби Сир ба қалам овардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи хеш таъкид дошт, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи он таваҷҷўҳи олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб кардааст. Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот кардаанд, ки решаи он аз калимаи мураккаби забони қадимаи эронии "Хваканта" гирифта шуда, маънояш "шаҳри офтобӣ" ё худ "офтобшаҳр" мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси "Авесто" қариб 3 ҳазор сол муқаддам зикр шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд раиси шаҳр таъкид дошт, ки Хуҷанди бостониву ҳамешаҷавон имрўз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабои худро куллан дигаргун кардаву боз ҳам ҷолибтар гаштааст. Сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат барои мардуми меҳнатқарину босуботи Хуҷандшаҳр сармашқи корҳои наҷиб шудааст.

Дар ҷараёни кори конфронс олимони донишгоҳ Тоҷибой Султонзода, Ислом Раҳимов, Шавкат Шарифов ва Шарифҷон Тоҷибоев бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба паҳлуҳои гуногуни таъриху илм ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд маълумот доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ рафти иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 баррасӣ шуд

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ сурат гирифт, аъзои Шӯро, масъулини шуъбаи рушди сайёҳии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои рушди сайёҳӣ ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок доштанд.

Анвар Яъқубӣ ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, қайд кард, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.

Зикр карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид, ки барои рушди соҳа мусоидат менамояд.

Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 дар вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт ва Анвар Яъқубӣ вобаста ба мушкилоти мавҷудаи соҳа ибрози назар намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ғолибони Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” муайян шуданд

( 1 Овоз )

24 сентябр дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят даври вилоятии Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” доир гардид.

Мувофиқи низомномаи фестивал тарроҳон дар ҳашт номинатсия -“Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон”, “Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ”, “Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон”, “Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон”, “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси фароғатӣ” ва “Беҳтарин либос барои хона ва корхона” либосҳои омодасохтаи худро пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.

Анвои гуногуни либосҳои пешниҳодгардида аз фарҳанги волои миллӣ, ҳунари нотакрори тарроҳони вилоят гувоҳӣ дода, маҳсули дасти ҳунармандон дар рангҳои гуногун ба ҷилва омад ва тарроҳони беҳтарин ба даври ҷумҳуриявии фестивал роҳхат гирифтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплому мукофоти пулиро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали вилоятии “Ҷилваи рангҳо” дар асоси Апри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ баргузор карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Марҳилаи дуюми курси омӯзиши дуалӣ таҳти унвони "Зан-сарвар" оғоз ёфт

( 1 Овоз )

Шуруъ аз 16 сентябр марҳилаи дуюми курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони "Зан-сарвар" оғоз ёфт.

Курси омӯзишӣ бо ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории намояндагии Бунёди Ханнс Зайдел дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қисми назариявии курси омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистон сурат гирифта, алҳол 24 нафар шунавандагони курс дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҷриба меомӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишии мазкур аз моҳи июли соли равон оғоз гардида, таҷрибаи аввалин дар ин самт мебошад.

Ташкили курси мазкур барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва савияи дониши бонувон мусоидат намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд