Хабарҳо
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36

Навиди Суғд

Боздиди ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

Як гуруҳ ҷавонон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба, иштирок дар чорабиниҳои илмию адабӣ, ошноӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва боздид аз минтақаҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҷавонони ҳинд дар доираи сафари хеш рӯзи гузашта аз ноҳияи Айнӣ боздид намуданд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷавононро бо урфу одат ва фарҳану маданияти водии зархези Зарафшон шинос карда, ба меҳмонон  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Меҳмонон аз боғи фарҳангӣ-фароғатии устод Садриддин Айнӣ, Осорхона ва Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал боздид намуда, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Зимни боздид аз мавзеҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва мулоқотҳои судманд бо ҷавонон ва фаъолони ноҳия роҳбари гурӯҳи ҷавонони Ҳиндустон Навин Рават барои қабул ва меҳмоннавозии гарму самимӣ миннатдории худ ва ҳамроҳонашро баён сохт.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҷавонони ҳинд ба Тоҷикистон 20 сентябр оғоз ёфта, то 27 сентябр идома меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бегоҳии рӯзи 25 сентябр дар майдони назди Театри мусиқӣ - мазҳакавиии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд чорабинии калони идона баргузор гардид.

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид

( 0 Овоз )

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 сентябри соли 2019, №403 Нақшаи чорабиниҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд тасдиқ карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд таҳия шудааст.

Комиссариати ҳарбии вилоят ва Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо,​ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Қарори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2019" ба тасвиб расид

( 0 Овоз )

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 19 сентябри соли 2019, №406 "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2019" ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ва ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Тибқи ин қарор ҳамчунин барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссияи вилоятӣ оид ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъсис дода мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

​ “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” - таҳти ин унвон дар Бӯстон конфронси назариявӣ доир шуд

( 1 Овоз )

25 сентябр дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” конфронси назариявӣ доир гардид.

Дар конфронс таъкид карда шуд, ки бо​ иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин гардида истодааст. Дар мамлакат мақомоти салоҳиятдори бахши сайёҳӣ –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамзамон аз ҷониби Парлумони мамлакат як зумра санаду қонунҳои танзимкунандаи соҳаи сайёҳии мамлакат қабул гардиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳа 180 ширкати сайёҳӣ фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули бахши сайёҳӣ дар мамлакат муассир мебошад.

Дар кори конфронс директори Ассосиатсияи тараққиёти сайёҳии "Зарафшон" Ҷамшед Юсупов дар мавзӯи "Иқтидори сайёҳии вилояти Суғд", муовини ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Замониддин Насриддинов дар мавзӯи "Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Бӯстон" ва роҳбари ширкати сайёҳии "Чимтарға - Travel" Оламафрӯз Раҳмонқулов дар мавзӯи "Таҷрибаи қабули сайёҳон ба Тоҷикистон" маъруза намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд