Хабарҳо
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен - 29.01.2020 17:58
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.01.2020 16:24
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара - 29.01.2020 15:50
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 29.01.2020 13:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03

Навиди Суғд


Дар вилоят истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм афзоиш ёфт

( 0 Овоз )

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 58 648,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 3,8 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров – 15,5 фоиз,  Зафаробод – 10,5 фоиз, Исфара – 5,1 фоиз, Ашт  – 3,5 фоиз, Ҷаббор Расулов – 3,1 фоиз ва Мастчоҳ – 2,5 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 269 224,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 1,6 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 6,5 фоиз, Ҷаббор Расулов – 2,5 фоиз, Шаҳристон – 2,2 фоиз ва Панҷакент – 1,9 фоиз афзудааст.

Дар ин давра ба миқдори 429 миллиону 919,3 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 1,9 баробар бештар мебошад. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен- 4,6 баробар, Бобоҷон Ғафуров- 2,4 баробар, Панҷакент- 2,2 баробар, Ҷаббор Расулов-1,6 баробар зиёд намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад

( 0 Овоз )

Дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар байни бозёфтҳо ашёҳое ҳастанд, ки мартабаи моддӣ ва маънавии сокинонро муайян мекунанд.

Оид ба маданияти маънавӣ ва эътиқодии ниёгон бояд зикр намуд, ки маънавияти онҳо ба маданияти моддиашон шабеҳ буд. Дарёфти бозубанд, шаббаҳои тиллоӣ, ҷому марҷонҳои нуқрагӣ, оташгоҳҳои мудаввару чоркунҷаи муқаддас, ҳайкалчаҳои одаму ҳайвоноти аз гилу санг сохташуда ва нақшҳои сеҳрноки дар танаи девору зарфҳо кашидашуда аз дараҷаи баланди тараққиёти маънавии онҳо шаҳодат медиҳанд. Тадқиқоти гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки сокинони Саразм зиёда аз 40 намуди ҳунармандиро бо тамоми нозукӣ аз худ кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи халқи тоҷик Саразм аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ буда, аввалин бор бобати он бостоншинос, номзади илмҳои таърих, Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти «Чимқӯрғон» (ҳоло «Саразм») Ашӯралӣ Тайлонов маълумот медиҳад.

Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972 дар вақти сохтмони хонаи истиқоматӣ табареро пайдо карда, ба кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент нишон медиҳад. Бо маслиҳати онҳо бозёфтро ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, месупоранд. Ин ҳодиса сабаб мешавад, ки оид ба таърихи Саразми қадим бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов аввал мақола, сипас, соли 1991 китоби илмии калонҳаҷми «Саразм. К вопросу становления раннеземледельческой культуры Зеравшанской долины (раскопки 1977 — 1983 гг.)» — ро нашр намуд.

Соли 1978 таҳти роҳбарии Абдуллоҷон Исҳоқов гурӯҳи археологии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дар он ҷо ба тадқиқот шурӯъ намуд. То соли 1985 чор бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шуда, масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз ҳафт хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 метри мураббаъ масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагӣ ва масоҳати бинои сеюм 350 метри мураббаъ буда, 13 хона дорад.

Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон, аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст.

Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар он ҷо наҷҷорию кандакорӣ, кулолгарию оҳангарӣ, дӯзандагию пазандагӣ тараққӣ карда буд. Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буданд.

Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бандарҳои Араб, давлати Ҳинд робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои даставори тарозу, зарфҳо, асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда аз ин шаҳодат медиҳанд. Муҳим он аст, ки кулолгарони Саразм аввалин шуда, дар минтақаи Шимолу Шарқи Осиёи Миёна ба сохтани зарфҳо ва нақшбандии онҳо шурӯъ намуданд. Зарфҳои гилӣ аз рӯи намуди берунаашон ба зарфҳои нақшдор ва бенақш ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳ боз ба ду гурӯҳи дигар-зарфҳои нақшини дуранга (монохромӣ) ва серанга (полихромӣ) тақсим мешаванд.

Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) Ю. А. Заднепровский, доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ю. Ф. Буряков, доктори илмҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия Пол Бернар, узви вобастаи Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Асқаров, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. А. Литвинский, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев – муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, мудири бахши Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих Б. И. Маршак, академик Р. Масов, бостоншиноси машҳури Франсия Ҷон Клод Горден пажӯҳиш гузаронидаанд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003 — 2005) ба Саразм ташриф бурданд.

Иқдоми Пешвои миллат — таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ идомаи мантиқии ибтикороти қаблии Сарвари хирадманду дурандеши мамлакат маҳсуб шуда, водор месозад, ки мероси қадимиамонро ҳифз карда, онро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.


Равшан УСАНОВ, Сафар ЭРКАЕВ,

устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б. Ғафуров

Хуҷанд. Ба маблағи 29 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шуд

( 0 Овоз )

Соли 2019 аз ҷониби 172 адад корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 15,4 фоиз афзудааст. Дар ин бора муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода зимни ҷаласаи фаъолони шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2019 иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ шаҳри Хуҷанд бо 35 мамлакатҳои дуру наздик ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар соли гузашта ба кишварҳои гуногун ба маблағи 29 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот намудааст.

Фирӯза Нуруллозода ҳамзамон афзуд, ки баҳри таъмини бомароми рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 23 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 18 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ ва 5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

8 январи соли 2020 дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба ҷашни умумимиллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот доир гардид.

Мулоқотро раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва дастури кори ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, дар он оид ба рушди босуботи Тоҷикистон ва саҳмгузории ҳар як фарди худшиносу худогоҳ баҳри ояндаи Ватани маҳбуб вазифаҳо муайяну мушаххас гардидааст.

Сипас, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ба иштирокдорон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, аз ташаббусҳои неку наҷиби Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ибрози назар намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст идома дорад

( 0 Овоз )

7 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия шинос гардид.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд