Хабарҳо
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36

Навиди Суғд

Кӯҳистони Мастчоҳ. Гуруҳи аввалини даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як гуруҳ ҷавонони синни даъватиро бо тантана ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гусел намуданд.

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода зимни суханронӣ хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ унвон кард.

- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва нишони садоқату эҳтиром ба давлат буда, барои тарбияи сиёсию ватанпарастии ҳар як фарди боимон ва ватандӯст нақши босазо мегузорад,-таъкид намуд раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Баъдан, Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба падару модароне, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватанпарастиву меҳандӯстӣ тарбият намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ҳамзамон ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар Хуҷанд​ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон баргузор мегардад ​

( 0 Овоз )

2 октябри соли 2019, соати 16-00 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ маросими кушодашавии​ 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ бо ташаббуси​ Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ вилояти Суғд аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок намоянд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ (ҷои якум), 5000 сомонӣ (ҷои дуюм)​ ва 2500 сомонӣ (барои ду ҷои сеюм)​ мегарданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба пахтачинӣ баромаданд

( 0 Овоз )

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 150 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии раиси шаҳр бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани «тиллои сафед»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 4000 кило пахта ҷамъоварӣ намуданд ва чинакчиёни беҳтарин бо мукофотпулиҳои раиси шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Оғози мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

28 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Ҷамоати деҳоти Понғоз ба мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшид.

Ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

28 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани қабули шаҳрвандон, мулоқот бо фаъолони ноҳия ва ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд