Хабарҳо
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36

Навиди Суғд

“Ҷавонон дарси шуҷоату мардонагиро маҳз дар Артиши миллӣ меомӯзанд”. 61 нафар даъватшавандагон аз ноҳияи Айнӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд

( 0 Овоз )

3 октябри соли ҷорӣ дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия, майор Мирҳаёт Зарипов, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоти шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм зимни суханронии хеш иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як ҷавон буда, ҷавонон дарси шуҷоату мардонагиро маҳз дар Артиши миллӣ меомӯзанд.

-Ман ба ҳамаи падарону модароне, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро тарбия намудаанд ва ҳамзамоне ҷавононе, ки бо амри дил имрӯз барои хизмати Ватан-Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, арзи сипос менамоям, -таъкид кард Муродзода Муқим Қаюм.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи аввал аз ноҳияи Айнӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 61 нафар сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


“Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои хизмат ба халқу Ватан омодаанд”. Гусели даъватшавандагон дар Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Рӯзи 2 октябр бо ташкили як ҷамъомади тантанавӣ фаъолони ноҳияи Мастчоҳ 90 нафар даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт ва раиси ноҳия Ғайрат Азиззода зимни суханронии худ дар хитоб ба даъватшавандагон таъкид кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳам қарзу ҳам фарз буда, ифтихору шарафи ватандорист.

Таъкид карда шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимод ватани маҳбуб буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мактаби бузурги ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, собиқадори меҳнат Маҳмадраҷаб Шарифов, бобои яке аз даъватшавандагон Саидмирзои Мухторзода ва даъватшаванда Рамзиддин Норов суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҷавонони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ барои хизмат ба халқу Ватан доимӣ омода мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати гусели даъватшавандагон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

( 0 Овоз )

Рӯзи 3 октябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати гусели гуруҳи аввалини даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона, ки дар маркази ноҳия бо ҳузури фаъолону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, волидону пайвандони даъватшавандагон доир шуд, раиси ноҳия Комил Салимзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Комил Салимзода зимни суханронии худ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату мардонагӣ арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид ва 70 нафар даъватшавандагон бо ҳамроҳии волидону пайвандон ва дӯстони худ суруру шодмонӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Дар Хуҷанд конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” баргузор гашт. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ конференсияи мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва дар он муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, олимону намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорону намояндагони илм аз Федератсияи Русия, кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, устодону олимон, магистрантону аспирантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок доштанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода зимни суханронии худ ҳозиринро хайрамакдам гуфта, қайд намуд, ки бори сеюм аст, ки чунин конфронси сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хучанд баргузор мегардад.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илму техника таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, оид ба ҳалли муаммоҳои экологӣ ва биологӣ андешаҳои судманди хешро ироа дошт.

Конференсияи 8-уми байналмилалии “Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ” бо фарогирии мавзӯъҳои мубрами экологӣ ва биологӣ бо ширкати олимону намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорону намояндагони илм аз Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, устодону олимон ва магистрантону аспирантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 4 бахш идома хоҳад ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Ҷаласаи панҷуми гуруҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ

( 0 Овоз )

Рӯзи 3 октябр дар толори конфронси меҳмонхонаи «Суғдиён»-и маркази вилоят дар ҳошияи ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҷаласаи панҷуми гуруҳи коршиносони сатҳи баланди сайёҳии кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода оғоз ёфт. Нуъмон Абдуғаффорзода нахуст меҳмонон — коршиносони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодиро ба Тоҷикистони офтобрӯя хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуд.

Сипас, коршиносон лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 3 – юми вазирони сайёҳии узви СҲИ ва дигар масоили мавриди назарро баррасӣ намуданд.

Бояд таъкид кард, ки рӯзи 4 октябр дар Кохи Рӯдакии шаҳри Ҳуҷанд ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва коршиносони аршади он баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


 




ШУМО ДАР: Навиди Суғд