Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” 1236 сайёҳи хориҷӣ боздид намудааст

( 1 Овоз )

Соли равон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷалби бештари сайёҳон ба маҷмаа тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Тавре аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона 101 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта ба маблағи 17965,00 сомонӣ харидорӣ карда шуд.

Теъдоди сайёҳоне, ки аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” боздид менамоянд, зиёд гардида, дар шаш моҳи сипаришуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди маҷмаа ҷойгиранд, 45 682 нафар боздид намудаанд. Аз ин миқдор 1236 нафар тамошобинон аз хориҷи дур буда, 472 нафар аз давлатҳои ИДМ мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” 1236 сайёҳи хориҷӣ боздид намудааст