Хабарҳо
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов - 19.03.2019 17:01
Наврўзи бостонӣ ва марҳилабандии худшиносии миллӣ (ба ифтихори ҷашни Наврўз) - 19.03.2019 14:50
Пирӯзии хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии «Техникони наврас» - 19.03.2019 14:13
Дар маҳфили «Ганҷи сухан» вижагиҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар водии Зарафшон баррасӣ гардиданд - 19.03.2019 14:09
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе - 19.03.2019 13:59
“Замину осмон Наврӯзгоҳ аст”. Суҳбати идона бо Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона - 19.03.2019 12:57
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 19.03.2019 09:59
22 март сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят Иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд - 19.03.2019 09:56
Бахшида ба Иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор мешавад - 19.03.2019 09:44
Гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расид - 18.03.2019 19:15

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон метавонанд дар озмуни вилоятӣ иштирок намоянд

( 0 Овоз )

Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти армуғонии беҳтарин барои сайёҳон озмуни вилоятӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 июни соли 2018, №273 ба тасвиб расидааст.

Тибқи низомномаи озмуни мазкур сину соли иштирокчиён бояд аз 14 то 45 сола бошад. Иштирокчиён метавонанд маҳсулоти худро ҷиҳати иштирок дар озмун то 20 декабри соли равон пешниҳод намоянд.

Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, барандагони ҷойҳои ифтихорӣ мутаносибан бо 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ қадршиносӣ мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд тариқи телефони 92 971 53 13 маълумоти иловагӣ пайдо намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон метавонанд дар озмуни вилоятӣ иштирок намоянд