Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Бо муҳоҷирони меҳнатии шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳои судманд гузаронида шуд

( 0 Овоз )

Давоми ҳафтаи равон  дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои маърифатӣ – иттилоотӣ доир шуданд, ки мавзўи асосиашон пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) буд.

Тавре аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, гурӯҳи корӣ тӯли чанд рӯз бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот  намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, новобаста ба он, ки мавзўи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО буд, зимни он чандин масъалаи дигар, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, муқовимат бо экстремизму терроризм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони дохиливу экологӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин радиф ба иштирокчиёни мулоқот моҳияти Созишнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон вобаста ба муҳоҷират фаҳмонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо муҳоҷирони меҳнатии шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳои судманд гузаронида шуд