Хабарҳо
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19
Қатъномаи ҷавобӣ ба гирдиҳамоии наҳзатӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин - 10.12.2018 22:12
Тазоҳуроти наҳзатӣ ва воҳимаҳои қатъномавӣ - 10.12.2018 21:55
Кодекси одоби муборизаи иттилоотӣ, ин чӣ музахрафотест? (Ҷавоб ба Ахбор.ком, бе таҳқир) - 10.12.2018 17:23
обвинила ТЭО ПИВ в организации протестов во Франции - 10.12.2018 17:08
Мақсади наҳзатиҳо танҳо харобкорист - 10.12.2018 16:54
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф меоранд - 10.12.2018 12:10
Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум доир мегардад - 10.12.2018 12:05

6 ва 7 июл дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 6 ва 7 июли соли 2018 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир доир хоҳад шуд ва дар он иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Олмон Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Кореяи ҷанубӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳамзамон соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ дар назар аст.

Инчунин дар рӯзҳои баргузории Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 6 ва 7 июл дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад