Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳо ба сомон расонида шуда истодааст.

Дар доираи иқдоми "1300 рӯзи меҳнати зарбдор"  чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Куруш як пули мошингузар, дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ғайрат Фатҳуллоев як нуқтаи хизматрасонӣ, сехи нонпазӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз тарафи соҳибкор Мирзорақиб Зарипов як меҳмонхонаи замонавӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар бунёди иншооти гуногун саҳми соҳибкорони ноҳия назаррас мебошад. Соҳибкорони ноҳияи Спитамен бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён дошта буданд, тасмим доранд иншооти гуногунро мавриди истифодаи умум қарор диҳанд. Масалан, дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол аз тарафи соҳибкор Мирсаидов Акмал Маркази хизматрасонии варзишӣ ва аз тарафи соҳибкор Исмоилов Каримҷон майдони варзишии футболи хурд, ҳамом ва чойхона, дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз тарафи соҳибкор Абдураҳимов Озод майдончаи варзишии бачагона ва футболи хурд сохта ба истифода дода мешавал. Айни ҳол дар ин иншоотҳо корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Спитамен