Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Дар Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» бинои иловагии меҳмонхона ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Чанде қабл дар шаҳри соҳили "Баҳри тоҷик" дар заминаи ҶДММ Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» бинои иловагии меҳмонхона бо 24 ҳуҷраи дунафара  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода таъкид намуд, ки тибқи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ тавсеа ёфта, дар ин раванд соҳибкорон пешоҳанг мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аввалин меҳмонхонаи “Соҳил” соли 2008-ум аз тарафи соҳибкор Абдулло Абдуллоев бо 9 ҳуҷра ва 18 ҷой сохта шуда буд. Бинои дуюми меҳмонхона бо 12 ҷой, инчунин бинои Маркази табобатӣ-солимгардонӣ бо 48 ҷой соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Алҳол масоҳати Маркази табобатӣ-солимгардонии “Соҳил” 1,1 гектарро ташкил дода, он дар мавзеи хушманзари “Баҳри тоҷик” маъво гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» бинои иловагии меҳмонхона ба истифода дода шуд