Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Боздиди иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ

( 0 Овоз )

Иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» аз минтақаҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву таърихии маркази вилоят боздид намуданд.

Иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон» аз мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд, аз ҷумла Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», ҳамзамон аз маҷмааи «Ҳавзи шиноварӣ», шиногоҳи соҳили дарёи Сир ва дигар мавзеъҳои шаҳр дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Лозим ба таъкид аст, ки ҳайатро Ҳабибуллоҳ Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, ҳамзамон дар қатори меҳмонон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, намояндагони вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳузур доштанд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» ҳамзамон иштирокдорони Форум-намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Исфара аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекстон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор ҳузур доштанд.

Фестивал аз санаи 28 июн оғоз то санаи 2 июл дар ҳудуди шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Исфара ва Хуҷанд баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкили чунин фестивалҳо муаррифии имконоти сайёҳии шаҳру навоҳии вилояти Суғд арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ