Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 26.06.2019 12:37
Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд - 26.06.2019 09:54
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд - 26.06.2019 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд - 26.06.2019 07:51
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56

Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

13 июни соли равон дар дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва фаъолон доир шуд, рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар оғози мулоқот иброз дошт, ки мардуми ноҳия дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ин санаи ҳумоюни таърихи миллат ҳамаҷониба кӯшиш намуда истодаанд.

Ашӯрбой Солеҳзода зимни суҳбат қайд намуд, ки соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Истиқлолияти давлатӣ дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад. Номбурда бо ёдоварӣ аз ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Ашт изҳори умед кард, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт