Хабарҳо
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49

Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020»

( 0 Овоз )

12 июн дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои масъул ва аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар вилоят ширкат варзиданд.

Дилшод Зарифӣ – мудири шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни суханрониаш доир ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта маълумот дода, бобати фаъолияти пурсамари Комиссияи ҷамъиятӣ дар самти пешгирии ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа фикру андешаҳои судманд иброз дошт.

Муовини раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар вилоят Музаффар Бобоҷонов оид ба натиҷаҳои фаъолияти комиссия дар соли 2017 ва панҷ моҳи соли равон иттилоъ дода, аз вазифаҳои муҳими аъзоёни Комиссияи ҷамъиятии  вилоятӣ ҳарф зад. Дар фарҷом байни иштирокдорони семинар бобати натиҷаҳои татбиқи Стратегия, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муқовимат бо коррупсия ва пешгирии ин амали номатлуб табодули афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020»