Хабарҳо
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49

Бахшида ба Иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад

( 0 Овоз )

15 июни соли равон бахшида ба Иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаҳои кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин рӯз дар Муассиаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хона кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Чкалов, Интернати наздимактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарстор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, Интернати наздимактабии ноҳияи Ашт,  Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Интернати наздимактабии ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ғайраҳо чорабиниҳои идона баргузор ва бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад