Хабарҳо
Чароғи дурӯғ бе фурӯғ аст... - 19.01.2019 23:53
Созмони ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ё ҳомии ҷинояткорон? - 19.01.2019 23:52
НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ “Human Rights Watch”-СТИВВ СВЕРДЛОВ ҲИМОЯТГАРИ ҲУҚУҚИ ИНСОН АСТ Ё ТЕРРОРИСТОНУ ХОИНОН? - 19.01.2019 23:50
Гражданский взгляд на деятельность ТЭО ПИВ - 19.01.2019 20:28
Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ - 19.01.2019 20:20
Мазҳакаи Кабирӣ – 2 (ё презентатсияи «Паймони зиддимиллӣ») - 19.01.2019 17:42
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан - 19.01.2019 17:41
Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? - 19.01.2019 11:59
В горах ГБАО нет бедных - 19.01.2019 11:55
Опасный религиозный ренессанс (возрождение) - 19.01.2019 11:51

Дар шаҳри Бӯстон шахсони барҷомондаву пирони рӯзгордидаро аёдат намуданд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли равон баён намуда буданд, аз ҷониби иттиҳодияҳои динии шаҳри Бӯстон корҳои назаррас ба сомон расонида шуда истодааст.

Аз ҷумла, чанде қабл дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Иди саиди Фитр ва солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси имомхатиби Масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам як қатор шахсони барҷомондаву пирони рӯзгордида аёдат карда шуда, ба ниёзмандон зиёда аз 10 намуди маводи озуқавории ниёзи аввал дастрас гардид. Дар рафти аёдат зикр гардид, ки ниёзмандон набояд худро яккаву танҳо ва бесаробон эҳсос намоянд, зеро давлату Ҳукумат ҳамеша ғамхору пуштибони онҳост.

Дар охир, аёдатшудагон сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аёдати шахсони барҷомонда, яккаву танҳо ва дигар ниёзмандон дар моҳҳои оянда низ сурат хоҳад гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Бӯстон шахсони барҷомондаву пирони рӯзгордидаро аёдат намуданд