Хабарҳо
Гражданский взгляд на деятельность ТЭО ПИВ - 19.01.2019 20:28
Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ - 19.01.2019 20:20
Мазҳакаи Кабирӣ – 2 (ё презентатсияи «Паймони зиддимиллӣ») - 19.01.2019 17:42
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан - 19.01.2019 17:41
Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ? - 19.01.2019 11:59
В горах ГБАО нет бедных - 19.01.2019 11:55
Опасный религиозный ренессанс (возрождение) - 19.01.2019 11:51
Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад - 19.01.2019 11:16
Босмачӣ ва ҲНИ - 19.01.2019 11:16
Необоснованная озабоченность Human Rights Watch или когда у самого рыльце в пуху - 19.01.2019 11:11

Ҷадвали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тасдиқ гардид

( 1 Овоз )

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ ва иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос), В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2018 тасдиқ намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд гардидааст. Инчунин маълумоти мазкур барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш дастрас аст. Раванди фиристодани даъватномаҳо ба довталабон тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ ва ҷойгир кардани нусхаи электронии онҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон аллакай оғоз гардид.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон додааст, дастрас кунад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп карда метавонад.

Гуфта мешавад, ки ҷадвалҳои баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ ва иловагӣ) – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) бо назардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидаанд.

Бояд гуфт, ки имсол довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат)‑ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б бояд кори хаттӣ (эссе) нависанд, ки барои он як рӯзи алоҳида (4 июл) ҷудо гардидааст.

Вобаста ба ин, довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юмро интихобкарда 3 июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4 июл кори хаттӣ (эссе) менависанд. Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро 5 июл месупоранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷадвали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тасдиқ гардид