Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.

Чуноне, ки маълум шуд, як кило сабзӣ 0,80 дирам, картошка 2 сомонӣ, карам 1 сомонӣ, гӯшти гов 27-30 сомонӣ, гӯсфанд 35 сомонӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуд, ки нисбати нархҳои бозор арзонтар мебошад. Чунин ярмаркаҳо ҳамчунин дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва Истиқлол низ баргузор шуд.

Интизор меравад, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ 13 майи сори равон низ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, Истиқлол ва Гулистон ташкил карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд