Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз олам даргузашт

( 0 Овоз )

10 майи соли ҷорӣ Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марҳум имрӯз соати 11-00 дар Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор шуд.

Дар маросими видоъ теъдоди зиёди дӯстону пайвандон ва сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев иштирок намуда, аз саҳми марҳум дар рушди театру синамои тоҷик ва хислатҳои ҳамидааш ёдовар шуданд.

Ислом Саломов аз ҷумлаи ҳунармандони маъруфи тоҷик аст, ки беш аз 50 соли ҳаёти худро ба театр бахшидаву аз актёри одӣ то ба дараҷаи коргардони шинохтаи театр расидааст. Фаъолияти ҳунарии марҳум баъди хатми факултети актёрии Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд аз соли 1964 дар саҳнаи Театри  мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (собиқ Театри ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод) оғоз меёбад. Ислом Саломов баъдан дар Театри ба номи Вахтангови шаҳри Москва аз режиссёри маъруфи шӯравӣ — Артисти халқии РСФСР  Е. Р. Симонов ҳунари коргардониро омӯхта, тӯли фаъолияти бисёрсолааш  беш аз сад намоишномаро рӯи саҳна овардааст ва саҳми ӯ дар рушди театри тоҷик назаррас мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Саломов аз олам даргузашт