Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Дар Истаравшан Рӯзи Ғалабаро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд

( 0 Овоз )

9 май дар шаҳру деҳоти Истаравшан бахшида ба 73 – юмин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои гуногун баргузор шуд.

Дар ин рӯз беш аз ду ҳазор сокинони шаҳр аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то Майдони Ғалаба ройҳпаймоӣ намуданд. Дар макони асосии чорабинӣ - Майдони Ғалаба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои саробонашон дар ҷанг ҳалок гашта, собиқадорони меҳнат, табибон, омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинону меҳмонони шаҳр ҷамъ омада, хотираи қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳониро пос доштанд.

Муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Ғалабаро ба самъи сокинони шаҳр расонид.

Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Истаравшан низ кулли сокинони шаҳрро бахшида ба Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, афзуд, ки дар қатори дигар халқу миллатҳо фарзандони накӯному шуҷоатпешаи Истаравшани бостонӣ низ барои ба даст овардани Ғалаба ҷоннисориҳо намудаанд.

Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан Рӯзи Ғалабаро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд