Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин - 26.04.2018 11:02
Ёдгории таърихию фарҳангии «Мадрасаи Оим» аз таъмир бароварда мешавад - 26.04.2018 09:18
Абдумаҷид Раҳимов мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ таъин шуд - 26.04.2018 09:07
Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқӣ - атомии Чернобил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 26.04.2018 09:02
Мирзоқосим Каримзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъин гардид - 26.04.2018 09:01
Дар пойгоҳи обкашии “Сайҳун -2” агрегати наву замонавӣ насб гардид - 25.04.2018 19:13
Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиён мулоқот намуд - 25.04.2018 19:04
Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” ба 140 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд - 25.04.2018 13:19
Хуҷанд. Нахустин маҳфили "Дунёи маърифат" ба фаъолияти Наимахон Мӯъминова бахшида шуд - 25.04.2018 09:11
Мадина Бобоиён муовини раиси шаҳри Исфара таъин шуд - 25.04.2018 09:09

Дар Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ беш аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид

( 0 Овоз )

Чунонки иттилоъ дода будем, 13-14 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, веқеъ дар шаҳри Гулистон Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ баргузор гардид.

Дар анҷоми Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ маросими баимзорасии шартномаҳо ва меморандуми ҳамкорӣ баргузор гардид. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон ва вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмўъ, дар анҷуман бештар аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла 17 меморандум бо Федератсияи Россия, 12 меморандум бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, 6 меморандум миёни Палатаҳои савдо ва саноат, шартномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ба имзо расиданд.

Дар хотима муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз натиҷаи кори дурўзаи Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки баргузории он дар рушди муносибатҳои кишварҳои иштироккунанда ва табодули таҷрибаи доираҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд. Анвар Яъқубӣ бо боварӣ зикр намуд, ки иштирокдорони ин Анҷуман дар дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар вилояти Суғд минбаъд ба нақша гирифта шудаанд, иштирок мекунанд ва шарикони худро дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ пайдо хоҳанд намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ беш аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид