Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа дар шаҳри Бӯстон

( 1 Овоз )

16 апрел дар шаҳри Бӯстон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2018 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон ҳисобот дод. Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолиятро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар равона намуд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони коргоҳу муассисаҳо доир ба самти фаъолиташон пурсиш ба амал оварда, барои вусъати фаъолият дастуру супоришҳо дод.

Дар интиҳо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Муқаддама Дадоҷонӣ суханронӣ намуда ба роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаҳои саноатӣ ва фаъолони шаҳр ҷиҳати афзун гардонидани дастовардҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиатҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа дар шаҳри Бӯстон