Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

“Пешвои миллат барои ҳалли одилонаву оқилонаи масъалаҳои марбут ба об саъю талош менамоянд”

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ доир ба татбиқи амалии чорумин ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷамъомад баргузор гардид.

Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода зимин суханронии худ таъкид кард, ки соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи Наврўз татбиқи амалии чорумин ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба ҳалли оқилонаи масъалаҳои глобалии об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  расман оғоз гардид.

-Ин иқдоми бузург ва дастоварди шоиста аз хираду заковат, донишу маърифат ва қалби поку инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Чунки Пешвои муаззами миллат беш аз 15 сол инҷониб дар арсаи байналхалқӣ бо ибтикору иқдомҳои созандаи худ барои ҳалли одилонаву оқилонаи масъалаҳои марбут ба обу ободонӣ, истифодаи сарфакоронаи ин неъмати бебаҳои табиат бо мақсади рушду шукуфоӣ, сулҳу дўстӣ, пешрафти сайёра ва таъмини саодати инсоният суботкорона саъю талош менамоянд, - зикр намуд Ғайрат Азиззода.

Дар рафти ҷамъомад қайд карда шуд, ки маҳз, дар натичаи чунин ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши созандаи Пешвои миллат аз ҷониби бонуфузтарин ташкилоти байналхалқӣ – Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»,  соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва ниҳоят солҳои  2018 - 2028 Даҳсолаи нави байналмилали амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Пешвои миллат барои ҳалли одилонаву оқилонаи масъалаҳои марбут ба об саъю талош менамоянд”