Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар Душанбе бо донишҷӯён мулоқот кард

( 0 Овоз )

11 апрел дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода  бо донишҷӯёни шаҳр, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.

Зимни мулоқот Раъно Ҳошимзода иброз дошт, ки дар ҳама давру замон ба раванди дастгирии ҷавонон ва истифодаи  нерӯи ақлониву ҷисмонии онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Агар ба марҳилаҳои таърихӣ назар кунем маълум мешавад, ки дар замонҳои қадим низ бузургони илму адаб ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, шахсиятҳои зираку тавоно ва масъулиятшинос боварӣ доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва зиндагии шоиста ба ҷавонон ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, имрӯз низ амалӣ шуда истодааст.

«Имрӯзҳо зиёда аз сад нафар донишҷӯён аз шаҳри Бӯстон дар зинаҳои рӯзонаву ғоибонаи муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмиву оммавӣ, варзишиву фарҳангӣ иштирок ва ному мартабаи шаҳри Бӯстонро баланд  мебардоранд.

Тибқи маълумотҳо, дар шаҳри Бӯстон норасоии кадрҳои баландихтисос ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки  зиёда аз 20 нафар муттахассисони гуногунсатҳ  дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин омӯзгорони фанҳои дақиқ  дар шаҳри Бӯстон намерасад. Мо имрӯз итминони комил дорем, ки  пас аз хатми донишгоҳу донишкада ҷавонон бо сари баланд ба шаҳри Бӯстон баргашта, норасоии кадрҳоро пурра намуда, ба Ватану халқи худ хизмат менамоянд», -гуфт Раъно Ҳошимзода.

Дар кори мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷаббор, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон низ ширкат намуданд.

Мақсади баргузории мулоқот бори дигар аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз раванди таълиму тарбия ва вазъи зисту зиндагии донишҷуён арзёбӣ гардида, ба зиёда аз 70 нафар донишҷӯён стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар Душанбе бо донишҷӯён мулоқот кард