Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

18 апрел Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад

( 0 Овоз )

18 апрели соли 2018, соати 8:00 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси вилоят аз 3 апрели соли 2018, №101  ба тасвиб расид. Ба баррасии иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз ҳавзаҳои интихоботии “Бофанда”, №2, “Ғафурҷон Ортиқов”, №20 ва “Марҳамат”, №43;

- оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2018, №986 “Дар бораи аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод намудани Абдураҳмон Қодирӣ”;

-  оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2018, №1035 “Дар бораи Раиси вилояти Суғд таъин намудани Раҷаббой Аҳмадзода”;

- оид ба вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №977 “Дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018” дар вилояти Суғд;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Истаравшан”, №32 Бобоева Гулчеҳра Гадоевна оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

- дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида;

- дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

- дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- дар бораи тасдиқ намудани Низомнома ва ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд;

- тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 18 апрел Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад