Хабарҳо
Дар машварати корӣ вазъи соҳаи саноат баррасӣ шуд - 19.07.2018 12:02
Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид - 18.07.2018 16:47
СЕМЕЙНЫЕ ПОСИДЕЛКИ КАБИРИ В ДОРТМУНДЕ - 18.07.2018 15:21
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара - 18.07.2018 13:50
Суғд: Истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм афзоиш ёфт - 18.07.2018 13:49
Суғд: Ба маблағи 1 миллиарду 881,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд - 18.07.2018 13:44
Кабирӣ аз ислом даст кашид, аммо боз ҳам касе ба ў бовар накард (Ё чаро ҷамъомади наҳзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27

Роҳи душворгузари куҳии байни деҳаҳои Шайдон-Кулихоҷа-Муломир боз гардид

( 0 Овоз )

Чанд рӯз қабл роҳи душворгузари куҳии байни деҳаҳои Шайдон-Кулихоҷа-Муломири ноҳияи Ашт ба истифода дода шуд ва ҳамин тавр орзуи деринаи сокинони деҳаҳои зикршуда амалӣ гардид.

Роҳи мазкур бо иқдоми неки сокинон ва соҳибкорони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон, инчунин бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз шуд.

Масофаи ин роҳ 2,4 км буда, он дар асоси лоиҳаи аз тарафи филиали дар вилояти Суғд будаи Институти лоиҳакашӣ бунёд шудааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар бунёди роҳ сокинони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд. Бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси сокинони ин минтақа роҳбарияти вилоят низ барои бозшавии роҳи душворгузар ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Роҳи душворгузари куҳии байни деҳаҳои Шайдон-Кулихоҷа-Муломир боз гардид