Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Соли гузашта ба маблағи беш аз 10 миллион доллари ИМА семент содирот шуд

( 0 Овоз )

Соли 2017 аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат ба маблағи 505 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои Ҳаким Ҳакимзода ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли гузашта ба 2 милларду 50,1 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1 миллиарду 545,1 миллиони доллари ИМА ва содирот 505 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбати соли 2016  187,1 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

-Дар сохтори воридоту содирот тағйиротҳои мусбӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот зиёд шуда, мутаносибан 13,4 ва 8,4 фоизро ташкил намудааст, - таъкид намуд    сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми содироти маъдан дар соли 2017 ба 386,8 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмӯъ 352,2 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шуда,  ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содирот 76,6 фоизро ташкил додааст.

Комёбии назаррас дар самти содирот ба фурӯш баровардани семент ба бозорҳои беруна арзёбӣ шуд. Соли гузашта 248,2 ҳазор тонна семент ба маблағи 10,3 миллион доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбати соли 2016 мутаносибан 162,4 ҳазор тонна ва 6,2 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли гузашта ба маблағи беш аз 10 миллион доллари ИМА семент содирот шуд