Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Дар ноҳияи Спитамен бо ҷалби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ семинари омӯзишӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарияти вилоят дар ноҳияи Спитамен бо ҷалби мутахассисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ доир ба «Амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ» семинар баргузор шуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар оғози семинар оид ба вазъи соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2017 ва вазифаҳо барои рушди минбаъдаи соҳа суханронӣ намуд.

Сипас олимони соҳаи кишоварзӣ дар мавзӯҳои «Ҳолати имрӯзаи иқтисодиёти соҳаи кишоварзии вилояти Суғд ва зарурати рушди иноватсионии он», «Бунёди боғҳои замонавӣ ва технологияи парвариши онҳо. Тадбирҳои агротехникӣ оид ба рафъи таъсири хушк омадаги фаслҳои тирамоҳу зимистон ба боғу токзор», «Маданияти истифодабарии заминҳои корам ва мелиоратсияи онҳо. Тадбирҳои гидромелиоративӣ оид ба рафъи таъсири хушк омадани фаслҳои тирамоҳу зимистон дар заминҳои кишоварзӣ», «Технологияи павариши картошкаи барвақтӣ дар майдонҳои кишоварзӣ», «Мубориза бар зидди касалию зарраррасонаҳои зироатҳои кишоварзӣ ва усулҳои мубориза бар зидди онҳо. Пешгирӣ намудани касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ аз таъсири хушкӣ ва норасоии об», «Технологияи муосири парвариши чорвои калони шохдор (гӯштӣ ва ширдеҳ), майдаи шохдор, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво, парранда ва занбӯри асал» маърӯзаҳо намуданд.

Дар охири семинари бозомӯзӣ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ суолҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Спитамен бо ҷалби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ семинари омӯзишӣ доир шуд