Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Соли гузашта 125 нафар хонандагони мактабҳои вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

( 0 Овоз )

Соли гузашта 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, даставӣ ва номӣ ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ, аз ҷумла 16 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм ва 30 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Тибқи иттилои Осим Каримзода 125 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва 87 нафар ғолибони олимпиадаи фосилавӣ дар давлатҳои Амрико, Фаронса ва Тайван гардиданд. 16 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил  гардида буданд,  бо 268 ҳазор сомонӣ  мукофтопулии яквақтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ гардиданд.

Маорифчиёни вилоят соли 2017 дар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, Икромова Раъно  – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии № 14 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Исмоилова Меҳрангез - мураббияи кӯдакистони №8 - и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими соли Тоҷикистон-2017” ва “Мураббии соли Тоҷикистон -2017” гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли гузашта 125 нафар хонандагони мактабҳои вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд