Хабарҳо
Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт - 25.05.2018 14:19
«Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 – 3 шикаст дод - 25.05.2018 10:01
Гулистон. Ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд - 25.05.2018 09:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни "Кӯча, маҳалла, ҷамоат ва ташкилоту муассисаи обод" гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни "Кӯча, маҳалла, ҷамоат ва ташкилоту муассисаи обод" гузаронида мешавад.

Дафтари матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дод, ки озмуни мазкур дар асосиқарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад. Дар ин замина низомнома ва ҳайати комиссияи озмун низ тасдиқ гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ комиссияи озмун вазифадор шудааст, дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани озмун тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия барои ҷалби бештари ҷомеаи меҳнатии корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, чоҳҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ вазифадор шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни "Кӯча, маҳалла, ҷамоат ва ташкилоту муассисаи обод" гузаронида мешавад