Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба Соли ҷавонон дар театри давлатии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор гардид.

Дар фестивал - озмуни мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, намояндагон аз комиссирияти ҳарбии вилоят, ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз доир намудани ин Фестивал - озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, худогоҳии ҷавонону аскарон, ҳавасмандгардонии сарбозони қисмҳои низомӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар Фестивал-озмун аз тарафи сарбозони қисмҳои низомии вилоят сурудҳои якка ва ҳамсароён дар мавзӯъҳои ватандӯстию ватанпарастӣ пешниҳод карда шуд.

Дар фарҷоми Фестивал - озмун аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба беҳтарин суруди якка ва ҳамсароён тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд