Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Ҷаласаи мушовараи ғайринавбатии Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид

( 0 Овоз )

5 декабр бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ, сарварони баъзе аз муассисаҳои таълимӣ, намояндаи прокуратураи вилоят ҷаласаи мушовараи ғайринавбатии Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ оғоз гардида, дар он масъалаҳо оид ба Баррасии пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 01.12.2017, №1/84-п-17с «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ҳифзи амвол дар муассисаҳои таълимии давлатӣ», Баррасии пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 04.12.2017, №11/85-17 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба вазъи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва сифати онҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд. Ёрдамчии калони прокурори вилоят Зафар Қаюмзода доир ба риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ислоҳи саривақтии камбудиҳои зикргардида ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо дар низоми ҳуҷҷатнигорӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.

Сипас, доир ба натиҷаҳои аттестатсияи литсейи № 6-и шаҳри Исфара, аккредитатсияи литсейи № 1-и шаҳри Конибодом мудири шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Абдураҳим Қурбонов маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҷаласаи ҳайати мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи мушовараи ғайринавбатии Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид